Мурабаҳа PHONE – Зиндагӣ хеле осон.

Дар дунёе, ки фарсангҳову фосилаҳоро бо як занг метавон аз миён бардошт.

Дар дунёе, ки тамоми мушкилотро бо як занг метавон ҳал намуд ва ҳамаи ғаму андӯҳ, интизорию танҳоиро дар як лаҳза метавон паси сар кард.

Зиндагиро бе телефон тасаввур кардан ғайриимкон аст.

Телефон барои шахси муосир акнун натанҳо воситаи алоқа, балки як ҷузъи муҳими ҳаёт ва тарзи ҷадиди зиндагист.

Акнун барои раҳсипор шудан ба сафари дуру дароз наметавон як акси кӯҳнаеро бо худ гирифт.

Зеро танҳо бо як занги телефонӣ метавон бо дуртарин азизони хеш хурсанду хушҳол буд, самимонаю пурмеҳр бо онҳо рӯ ба рӯ сӯҳбат намуд ва, аз ҳолу аҳволи онҳо огоҳ шуд.

Гурӯҳи мутахассисони мо оид ба маблағгузории исломӣ бо назардошти аҳамияти телефон дар ҳаёти ҳар як нафар, рушди босуръати он дар ҷомеа ва хоҳиши одамоне, ки орзӯи телефон хариданро доранд, маҳсулоти бонкии Мурабаҳа PHONE-ро таҳия намуданд.

Шартҳои асосии Мурабаҳа PHONE:

Ҳаҷми маблағгузорӣ: до 15 000 сомони

Пардохти аввалия: на камтар аз 30 % -и маблағи харид, агар маблағи харид аз 10 000 сомонӣ зиёд бошад;

Мӯҳлати пардохти маблағгузорӣ: То 18 моҳ;

Шартҳои Мурабаҳа PHONE:

•          Шахсони воқеии аз 20-сола боло;

•          Манбаи даромади фардӣ;

•          Мувофиқати даромад бо қонунҳои Шариат;

•          Уҳдадор набудан дар назди шахсони сеюм;

•          Пардохти ибтидоӣ на камтар аз 30% маблағи дархостшуда, агар маблағи дархостшуда аз 10,000 сомонӣ зиёд бошад;

•        Ҳуҷҷатгузории фаврӣ ҳангоми муроҷиати такрорӣ;

Ҳуҷҷатҳои зарурӣ:

•          Дархост барои ҳуҷҷатгузории Мурабаха PHONE;

•       Шиносномаи шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҷои зистро тасдиқ мекунад;

•          РМА;

•          Маълумотнома оиди даромад, агар маблағи дархостшуда аз 3000 сомонӣ зиёд бошад;

Барои гирифтани муаълумоти муфассал оиди Мурабаҳа PHONE Шумо метавонед, ба маркази Тамоси мо бо рақами 585 занг занед ва ё ба саҳифаи мазкур дархост гузоред.

Мутахассисони мо дар кӯтоҳтарин фурсат бо Шумо тамос хоҳанд гирифт.

 

 

 

 

Гузоштани дархост

Дархостро пур кунед

Мо ҳатман ба Шумо занг мезанем!
  • Гурӯҳи маҳсулот
  • Зергурӯҳ
  • *Гузоштани файлҳои номбар шуда ҳатми аст!