МУРОБАҲА – аҳдест, ки мутобиқи он бонки исломӣ бо дархости муштарӣ молеро аз фурӯшанда харидорӣ намуда, бо иловаи изофапулӣ (наценка) ба муштарӣ мефурӯшад. Муштарӣ имкон дорад, ки арзиши молро дар мӯҳлатҳои баъдӣ, давра ба давра (в рассрочку) пардохт намояд.
Дар аҳди Муробаҳа нархи хариди мол, хароҷотҳои мустақим ва андозаи изофапулӣ (наценка) ба муштарӣ ҳатман нишон дода мешавад.
Мақсади аҳди Мурабаҳа аз он иборат аст, ки дар вақти истифода ҳамчун маблағгузорӣ, он ҳамеша дар асоси пардохти давра ба давра сурат мегирад. Бонк молро бо пули нақд харидорӣ намуда онро ба муштарӣ дар асоси пардохти давра ба давра бо назардошти изофапулӣ ва мӯҳлати муайян мефурӯшад.
Пардохти арзиши мол аз рӯи аҳди мурабаҳа метавонад бо пардохтҳои мунтазам ба таври кӯтоҳмуддат ва дарозмуддат сурат гирад.
Бонк ҳангоми фурӯши мол ба муштарӣ  бевосита бояд соҳибмулки он бошад.
Бонк ӯҳдадор аст ҳама хароҷотҳое, ки бевосита барои харидорӣ намудани мол ва инчунин андозаи изофапулиро ба муштарӣ ба таври муфассал ошкор кунад.
Изофапулӣ - подошпулие, ки бонк аз аҳди       Мурабаҳа ба даст меорад;
Изофапулӣ чунин ифода мегардад:

  • маблағи муайяне, ки арзиши молро зиёд менамояд.
  • ҳамчун фоизи муайян аз арзиши аслии мол;
  • ҳама хароҷоти Бонк ба арзиши аслии мол илова карда шуда аз рӯи он изофапулӣ ҳисоб карда мешавад.

Бонк наметавонад ба нархи фурӯши мол он хароҷотҳои ғайримустақиме, ки барои шахсони сеюм кардааст, илова кунад. Масалан Бонк наметавонад хароҷоти музди маоши кормандонашро ба нархи фурӯш илова кунад.
Қоидаҳои асосии амалиёти Мурабаҳа:

  • Объекти маблағгузоришаванда бояд дар вақти бастани шартнома вуҷуд дошта бошад
  • Объекти маблағгузоришаванда бояд моликияти фурӯшанда бошад
  • Объекти маблағгузорӣ бояд ҷисман ё ғайримустақим дар ихтиёри фурӯшанда  бошад
  • Амалиёти фурӯш бояд дар ҳол сурат гирад ва ба ягон ҳолат бояд вобастагӣ надошта бошад.
  • Объекти маблағгузоришаванда бояд арзиши ҳақиқӣ дошта бошад
  • Объекти маблағгузоришаванда бояд тибқи принсипҳои маблағгузории исломӣ  манъ нашуда бошад
  • Объекти маблағгузоришаванда бояд барои харидор аниқ ва маълум бошад
  • Мӯҳлати дастрас намудани моли харидашуда бояд муайян бошад ва ба ягон ҳолат бояд вобастагӣ надошта бошад.
  • Объекти маблағгузоришаванда бояд нархи муайян дошта бошад
  • Амалиёти фурӯш бояд бе шартгузорӣ анҷом дода шавад

Ҳуқуқи моликият ба муштарӣ пас аз дастрас намудани мол мегузарад, агар дар шартнома     тартиби дигаре пешбинӣ нашуда бошад. Маблағгузорӣ дар доираи ин аҳд бо шарти таҳлили ҳатмии ҳолати молиявии муштарӣ ва инчунин муайян кардани манбаи пардохти он сурат мегирад.
Манбаъҳои пардохт бояд аз даромади он фаъолияте бошанд, ки аз нигоҳи шариат мамнӯъ набошад.
Таъминнокӣ (гарав) дар шартномаи Муробаҳа: Баҳри кафолати ӯҳдадориҳои муштарӣ (харидорӣ намудани мол) - шартномаи Гарав  (маблағҳои пулӣ ё ғайрипулӣ) баста мешавад.
Дар ҳолати иҷро накардани ӯҳдадории муштарӣ мол аз ҷониби бонк ба шахсони сеюм фурӯхта мешавад
Агар нархи фурӯши мол аз нархи аслие, ки Бонк харидорӣ намудааст, кам бошад, маблағи боқимонда аз ҳисоби гарав пардохт карда мешавад

Мисол: Агар бонк автомобилро аз рӯи аҳди Мурабаҳа ба маблағи 50 000 сомонӣ харида бошаду он бо назардошти хароҷот ва изофапулӣ 60 000 сомонӣ фурӯхта шуда бошад дар ҳолати иҷро накардани ӯҳдадорӣ аз ҷониби мизоҷ Бонк онро бо арзиши 45 000 сомонӣ ба шахси сеюм фурӯшад онгоҳ маблағи боқимонда аз ҳисоби гарави муштарӣ руёнида мешавад.
Маблағҳои пулие, ки ҳамчун гарав гузошта мешавад, Бонк наметавонад бе розигии муштарӣ онро барои маблағгузорӣ истифода намояд.
Бо дархости муштарӣ бонк метавонад маблағи ба гарав гузошташударо ба сифати пардохти ӯҳдадории муштарӣ аз рӯи шартномаи Мурабаҳа, истифода намояд.
Ҳамаи хавфҳои вобаста ба таҳвил ва нигоҳдории мол бар ӯҳдаи Бонк буда ва  наметавонад аз ҳисоби гарав рӯёнида шавад.
Амалӣ намудани Муробаҳа тариқи намоянда (агент)
Бонк метавонад ҳам мустақилона шартномаи хариду фурӯш бандад ва ҳам барои ин кор намоянда (агент) таъин намояд.
Бонк метавонад худи муштариро намоянда таъин кунад, дар ин ҳолат муштарӣ аз ном ва аз ҳисоби ташкилоти қарзии исломӣ метавонад амал кунад.
Марҳилаҳои иҷрои аҳди Муробаҳа

  • Муштарӣ барои маблағгузорӣ ба Бонк муроҷиат намуда ваъдаи харид медиҳад.
  • Бонк ба муштарӣ розигии хариди мол медиҳад
  • Бонки исломӣ бо муштарӣ шартномаи Муробаҳа ба имзо мерасонад
  • Бонк фурӯшандаи молро пайдо менамояд
  • Бонк ба соҳиби мол, арзиши молро пардохт менамояд
  • Баъд аз пардохт, Бонк молро аз соҳиби мол қабул менамояд
  • Бонк баъди қабул намудани мол, молро ба муштарӣ месупорад

Муштарӣ арзиши молро бо таври пешпардохт ё инки бо таври пардохти давра ба давра ба бонк пардохт менамояд
Марҳилаи 1. Дархост

  • Қабули дархост
  • Музокироти ибтидоии бонк ва муштарӣ оиди номгӯи мол, маблағ, мӯҳлат, манбаи пардохт ва дигар шартҳо
  • Пешниҳоди ҳуҷҷатҳо
  • Таҳлили пардохтпазирии муштарӣ
  • Таҳлили гарав.

Марҳилаи 2. Қабули қарор

  • Тартиб додани хулосаи хаттӣ баъди гузаронидани таҳлилҳо;
  • Баррасӣ дар Кумитаи хизматрасонии маблағгузории исломӣ (КХМИ)
  • Қабули қарор аз ҷониби КХМИ (мусбӣ ё манфӣ)

 Марҳилаи 3. Хариди мол аз ҷониби Бонк

  • Шартнома байни Бонк ва Фурӯшанда ва ё Бонк ва Миёнарав (агент)
  • Дар сурати вуҷуд доштани Миёнарав байни ӯ ва Бонк шартномаи гарав баста мешавад.
  • Бастани шартномаи хариду фурӯш байни Бонк ва Фурӯшанда ва ё байни Миёнарави бонк ва Фурӯшандаи мол
  • Пардохти маблағ аз ҷониби Бонк (нақдӣ ё ғ.нақдӣ)
  • Гузаштани ҳуқуқи моликият ба Бонк

 Марҳилаи 4. Бастани Шартнома

  • Таҳияи шартномаи Муробаҳа байни Бонк ва Муштарӣ бо инъикоси нархи харид, маблағи изофапулӣ, мӯҳлат ва тартиби пардохт.
  • Бастани шартномаи Муробаҳа ва шартномаи гарав
  • Эътироф намудани маблағгузорӣ аз рӯи шартномаи Мурабаҳа

 Марҳилаи 5. Пардохти ӯҳдадорӣ аз тарафи мизоҷ

  1. Агар Муштарӣ арзиши молро  пурра пардохт намояд, Бонк маблағро барои пардохти ӯҳдадории мизоҷ равона карда, даромадро эътироф менамояд.
  2. Агар тибқи нақша ҳар моҳ пардохт намояд, Бонк маблағро ҳамчун даромади ҳармоҳа эътироф менамояд.
Гузоштани дархост

Дархостро пур кунед

Мо ҳатман ба Шумо занг мезанем!
  • Гурӯҳи маҳсулот
  • Зергурӯҳ
  • *Гузоштани файлҳои номбар шуда ҳатми аст!