Муробаҳаи истеъмолӣ

Маблағгузории шахсони воқеӣ барои хариди молҳои зарурӣ (таҷҳизоти маишӣ, мебел, таъмири хона ва ғ).


Шартҳо

  • шахсони воқеӣ, сокинони ҶТü синну сол: аз 20 то 63- сола
  • бештар аз 100 000 сомонӣ
  • мӯҳлати ҳадди аксар: 18 моҳ
  • мӯҳлати ҳадди ақал: 3 моҳ
  • танҳо бо сомонӣ
  • маржа/изофапулӣ:
    • аннуитет             24%
    • собит  13.7%

Коэффисенти маблағгузорӣ

  • Агар арзиши мол то 10 000 сомониро ташкил диҳад,  пешпардохт талаб карда намешавад,  худи маҳсулот ё ашёи иловагӣ гарав маҳсуб меёбад*
  • Агар арзиши мол  10 001 -  25 000 сомониро ташкил диҳад, ба андозаи на камтар аз 15%  аз маблағ пешпардохт талаб карда мешавад,  худи маҳсулот ё ашёи иловагӣ гарав маҳсуб меёбад*
  • Агар арзиши мол  25 001 - 50 000 сомониро ташкил диҳад, на камтар аз 20% пешпардохт талаб карда мешавад, худи маҳсулот ё ашёи иловагӣ гарав маҳсуб меёбад ва ё зомин  талаб карда мешавад.
  • Агар арзиши мол  50 001 – 75 000 сомониро ташкил диҳад, на камтар аз 25% пешпардохт талаб карда мешавад, худи маҳсулот ё ашёи иловагӣ гарав маҳсуб меёбад ва ё зомин талаб карда мешавад.
  • Агар арзиши мол 75 001 - 100 000 сомониро ташкил диҳад, пешпардохт на камтар аз 30% талаб карда мешавад, худи махсулот ё ашёи иловагӣ гарав маҳсуб меёбад ва ё ду зомин талаб карда мешавад.
      __________________
      * Агар мол зуд вайроншаванда бошад, он гоҳ гарави иловагӣ ҳатман талаб карда мешавад.


Ҳуҷҷатҳои зарурӣ

  • шиноснома ва РМА (агар дар шиноснома қайд нашуда бошад)
  • ҳуҷҷати тасдиқкунандаи манбаи даромади муштарӣ:  маълумотнома оиди музди маош ё шаҳодатномаи фаъолияти соҳибкорӣ бо иқтибоси андозҳои пардохтшуда дар 6 моҳи охир

Қарзро пардохт кардан мумкин аст

  • дар хазинаҳои Тавҳидбонк
  • дар замимаи мобилии Tawhid Pay 
  • дар  терминалҳои шарикони Тавҳидбонк ҶСК «Банк Эсхата», ҶДММ ТАҚХ «Душанбе Сити» ва ҶДММ «Тамвил»     
Гузоштани дархост

Дархостро пур кунед

Мо ҳатман ба Шумо занг мезанем!
  • Гурӯҳи маҳсулот
  • Зергурӯҳ
  • *Гузоштани файлҳои номбар шуда ҳатми аст!