Мурабаҳа Комфорт

Орзуи зиндагии роҳат инсонро водор намуд, ки ба сохтани мебелҳои зебою гуногун шурӯъ кунад.

Аҳамияти мебелро баҳогузорӣ кардан хеле душвор аст, зеро тасаввури хонаҳои имрӯза бедоштани мебелҳои хушсохту замонавӣ ғайриимкон аст ва ҳар як мебел дар ҳаёт мавқеи хосаи худро дорад.

Масалан пас аз меҳнати сангину вазнини рӯзона, ки дар зиндагии ҳар инсон бетаъсир нахоҳад буд, кати хоб муҳимтарин макон барои истироҳат ба шумор меравад.Рӯи он метавон баҳузур телевизор тамошо кард, рӯзномаю маҷалла хонд ва ё китоби шавқовареро мутолиа намуд.

Кати ҳавлӣ низ ашёи дӯстдоштаи ҳамаи аҳли оила аст, ки дар он ҳар як нафар ба худ ҷои муносибе меёбад то аз сӯҳбатҳои ширину дилнишини наздикон сари як пиёла чой, бебаҳра намонад.

Мебели зебою замонавӣ метавонад, хонаҳоро зебу зиннат диҳад,ҳиссу ҳоли хонаро иваз кунад, ба фазои утоқ рангу бори тозае бахшад ва рӯҳияи инсонро баланд бардорад.

Имрӯз, раванди истеҳсоли мебелҳои гуногун ба як санъати воқеӣ табдил ёфтааст.

Мебелҳо метавонанд классикӣ, замонавӣ ва ҳатто бо услубҳои миллӣ, мувофиқи табъу завқи ҳар як нафар сохта шаванд.

Вале баъзан харидани онҳо осон нест. Бинобар ин ба хотири зиндагии роҳаттару бофароғат ва болидагии рӯҳи Шумо, мутахассисони мо оид ба маблағгузории исломӣ, маҳсулоти бонкии Мурабаҳа-Комфортро таҳия намудаанд, ки тавассути он Шумо метавонед соҳиби мебелҳои хушрангу замонавӣ шавед.

Шартҳои асосии Мурабаҳа Комфорт:

Таъминот: мебели харидашуда

Агар маблағи дархостшуда аз 10 000 сомонӣ зиёд бошад, кафолати 2 нафар бо манбаҳои даромади фардӣ зарур аст;

 Ҳаҷми маблағгузорӣ: то 100 000 сомонӣ

Мӯҳлати пардохти маблағгузорӣ: аз 6 то 36 моҳ

Шартҳои Мурабаҳа Комфорт:

  • Шахсони воқеии синнашон аз 20-сола боло ва на камтар аз 60-сола поин;
  • Манбаи даромади фардӣ;
  • Мувофиқати даромад бо қонунҳои Шариат;
  • Надоштани уҳдадорӣ дар назди шахсони сеюм;

Пардохти аввалия на камтар аз 30% аз нархи мебел,агар маблағи дархостшуда аз 10,000 сомонӣ зиёд бошад;

  • Ҳангоми муроҷиати такрорӣ ҳуҷҷатгузорӣ сабук карда мешавад.

Ҳуҷҷатҳои асосӣ:

  • Дархост барои ҳуҷҷатгузории Мурабаҳа- Комфорт;
  • Шиносномаи шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҷои зистро тасдиқ мекунад;
  • РМА;
  • Маълумотнома оиди даромад;

Барои гирифтани муаълумоти муфассал оиди Мурабаҳа-Комфорт Шумо метавонед, ба маркази Тамоси мо бо рақами 585 занг занед ва ё ба саҳифаи мазкур дархост гузоред.

Мутахассисони мо дар кӯтоҳтарин фурсат бо Шумо тамос хоҳанд гирифт.

Гузоштани дархост

Дархостро пур кунед

Мо ҳатман ба Шумо занг мезанем!
  • Гурӯҳи маҳсулот
  • Зергурӯҳ
  • *Гузоштани файлҳои номбар шуда ҳатми аст!