Кортҳои қарзии исломии «САБЗ»

Тавҳидбонк ба муштариён кортҳои қарзии исломии “Сабз”-ро дар асоси консепсияи қарзи “Хасана”, бо лимити 3000 сомони ва 6000 сомони ва ситонидани яккаратаи ҳаққи хизмат пешниҳод менамояд.

Инструменти мазкур барои аз бонк гирифтани маблағи қарзии якчандкарата пешбинӣ гардидааст. Мизоҷон дар сурати пеш аз мӯҳлат пардохт намудани маблағи қарз, имконияти такроран, вале бидуни ситонидани ҳаққи хизмат, гирифтани қарзро тибқи лимити қаблан муқарраргардида (3000 сомонӣ ё 6000 сомонӣ) ба мӯҳлати боқимонда (мӯҳлати умумӣ 12 моҳ) маблағ гиранд.

Корти қарзии исломии «Сабз»-ро метавон ба замимаи мобилии Тавҳидбонк- Tawhid Pay пайваст кард, ки барои мутобиқат ба принсипҳои маблағгузории исломӣ, инчунин барои ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ аз санҷиш гузаштааст.



Шартҳо


  • Шахсони воқеӣ, резидентҳои ҶТ
  • Синну сол аз 20 то 63 сола
  • Мӯҳлати максималии қарз: 12 моҳ
  • Мӯҳлати минималӣ: бе маҳдуд
  • Танҳо бо асъори сомонӣ
  • Корт ба мӯҳлати аз 1 то 3 сол кушода мешавад
  • 365 сомонӣ ҳаққи хизмати яккарата барои лимити 3000 сомонӣ
  • 750 сомонӣ ҳаққи хизмати яккарата барои лимити 6000 сомонӣ

Бартариятҳо


  • Қарз ба маблағи 3000 сомони дар муддати 1 рӯзи корӣ баррасӣ карда мешавад
  • Қарз ба маблағи 6000 сомони дар муддати 1 соат баррасӣ карда мешавад
  • Онлайн-дархост
  • Ройгон бурда расонидани корт
  • Пардохти харидҳо 0%
  • Дастрасии шабака

Ҳуҷҷатҳои лозима


  • Нусхаи шиноснома ва РМА
  • Ҳуҷҷати тасдиқкунандаи манбаи даромад: маълумотнома оиди музди меҳнат ё шаҳодатнома дар бораи фаъолияти соҳибкорӣ бо чекҳои андозҳои пардохдшуда дар 6 моҳи охир


Қарзро метавон пардохт кард:




Дар хазинаҳои Тавҳидбонк


Бо истифода аз замимаи мобилии Tawhid Pay


Дар терминалҳои шарикони Тавҳидбонк ҶСК «Банк Эсхата», ҶДММ ТАҚХ «Душанбе Сити» ва ҶДММ «Тамвил»

Гузоштани дархост

Дархостро пур кунед

Мо ҳатман ба Шумо занг мезанем!
  • Гурӯҳи маҳсулот
  • Зергурӯҳ
  • *Гузоштани файлҳои номбар шуда ҳатми аст!