Тартиби баррасии муроҷиати муштариён дар раванди пешниҳоди хизматрасонии бонкӣ

1. Дар ҳолати пайдо шудани ягон савол ва / ё пешниҳодҳо нисбат ба хизматрасониҳои бонкӣ, инчунин дар бораи гирифтани маълумоти иловагӣ дар бораи фаъолият, хизматрасонӣ, шартҳо ва мӯҳлати гузаронидани амалиёте, ки дар Қоидаҳои Бонк дохил карда нашудаанд, муштариён метавонанд ба Бонк (филиал, маркази хизматрасонии бонкӣ) муроҷиат кунанд, ё бо кормандони Бонк, ки ба муштариён хизмат мерасонанд, бо истифода аз воситаҳои зерини иртибот тамос гиранд:

Сомонаи Бонк

www.tawhidbank.tj

Почтаи электронӣ:

info@tawhidbank.tj

Нишонии ҳуқуқии Саридораи Бонк

Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734025, ш. Душанбе, к. Н. Муҳаммад, 10/17

Маркази тамос

(44) 601-70-70

Телефон

+992 (44) 601- 62- 62

Филиал дар н. Фирдавсӣ,

ш. Душанбе

Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734025, ш. Душанбе. к. Каҳоров 75

Тел: (44) 600-48-84, (44) 600-48-85, (44) 600-48-87

shohmansur@tawhidbank.tj

Филиал дар н.Рудакӣ

Ҷумҳурии Тоҷикистон, н. Рӯдакӣ, шаҳраки. Сомониён, к. Пушкин 42а

Тел: (8-3137) 2-20-68, 847-442-1474, rudaki@tawhidbank.tj

Филиал дар ш. Бохтар

Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Бохтар, к. Норинова 6

Тел: (8-3222) 2-56-78, 847-447-0082, bokhtar@tawhidbank.tj

Филиал в г. Худжанд

Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Хуҷанд, к. К. Хуҷандӣ 165

Тел: (44) 600-47-01, (44) 600-47-08, khujand@tawhidbank.tj

Филиал дар н. Шахритус

Ҷумҳурии Тоҷикистон, н. Шахритус, к. И.Сомони 26

Тел: (+992) 44 620 01 84, shahritus@tawhidbank.tj

Дар ҳолати мавҷудияти арзу шикоятҳо нисбати хизматрасониҳои бонкӣ аз ҷониби Бонк ё кормандони он, муштариён метавонанд аз суроғаи электронии зерин истифода баранд: info@tawhidbank.tj

2. Бонк дархостҳои зерини муштариёнро баррасӣ мекунад:

·               дархостҳои хаттии тавассути қосид воридгашта, почтаи муқаррарӣ, почтаи электронӣ ва тавассути сомонаи интернетии Бонк;

·               аризаҳои шифоҳӣ, ки ба воситаи телефон ва ҳангоми ташрифи шахсии муштарии Бонк гирифта шудаанд.

3. Дархостҳои хаттии муштариён дар китоби бақайдгирии дархостҳои хаттӣ бо тартиби муқаррарнамудаи ҳуҷҷатҳои дохилии Бонк сабт карда мешаванд.

4. Муштарӣ оид ба қабули дархости хаттии худ ҳуҷҷати тасдиқкунанда мегирад ва ё дар нусхаи дархости ӯ навиштаҷоти мувофиқ гузошта мешавад. Рад кардани қабули дархости хаттӣ манъ аст.

5. Дархостҳое, ки тавассути сомонаи интернетии Бонк қабул мегарданд, тибқи тартиби муқаррарнамудаи ҳуҷҷатҳои дохилии Бонк сабт карда мешаванд.

6. Дархостҳое, ки аз муштариён тавассути телефон қабул карда мешаванд, сабт карда мешаванд (бо назардошти имконияти техникӣ). Сабти гуфтугӯи телефонӣ бо розигии муштарӣ, ки пеш аз оғози сӯҳбат дар ин хусус огоҳ карда мешавад, сурат мегирад.

7. Аризаҳои шифоҳӣ, ки ба Бонк ворид шудаанд (ба воситаи телефон ё ҳангоми ташрифи муштарӣ ба Бонк), бояд фавран баррасӣ карда шаванд ва агар имкон бошад, ба дархости шифоҳии муштарӣ дарҳол ҷавоб пешниҳод карда шавад. Муштарӣ оид ба тартиби муқарраргардида барои гирифтани ҷавоб ва мӯҳлати баррасии чунин дархостҳо, хабардор карда мешавад.

8. Бонк муроҷиатҳои хаттиро бо тартиби муқаррарнамудаи ҳуҷҷатҳои дохилӣ тибқи талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ менамояд.

9. Дар ҳолати нокифоя будани маълумот ҳангоми баррасии дархостҳо, Бонк метавонад аз муштарӣ ҳуҷҷату маълумоти иловагӣ талаб намояд, ҳамзамон мӯҳлати баррасии дархост то лаҳзаи пешниҳоди ҳама ҳуҷҷатҳо ва иттилооти зарурӣ ба Бонк тамдид карда мешавад.

10. Бонк баррасии воқеӣ, пурра ва саривақтии дархостҳои мушатриёнро таъмин менамояд, муштариёнро дар бораи натиҷаи баррасии дархостҳо ва чораҳои андешидашуда хабардор менамояд.

11. Ҷавоб ба дархости хаттии муштарӣ бояд аз ҷониби шахси ваколатдори Бонк имзо карда шавад.

12. Вазифаҳои таҳлил ва назорати баррасии дархостҳо ба воҳиди сохтории бонк, ки ҳуҷҷатҳои дохилии Бонк муқаррар кардааст, вогузор карда мешаванд.

 

Тартиби баррасии муроҷиати муштариён


Гузоштани дархост

Дархостро пур кунед

Мо ҳатман ба Шумо занг мезанем!
  • Гурӯҳи маҳсулот
  • Зергурӯҳ
  • *Гузоштани файлҳои номбар шуда ҳатми аст!