Ҳафтаи байналмиллалии молия барои кӯдакон ва ҷавонон Global Money Week

Ҳафтаи байналмиллалии молия барои кӯдакон ва ҷавонон Global Money Week

Навиди Тавҳидбонк Бо мақсади ҷалби донишҷӯён ба низоми бонкдории исломӣ ва бахшида ба ҳафтаи байналмиллалии молия барои кӯдакон ва ҷавонон Global Money Week, имрӯз дар ҶСК “Тавҳидбонк” бо иштироки донишҷӯёни Донишгоҳи славянии Россия-Тоҷикистон, дар мавзӯи “Бонкдории исломӣ ва маърифати моливӣ” машварати пурмӯҳтаво баргузор карда шуд. Дар чорабинии мазкур Раиси Раёсати ҶСК “Тавҳидбонк” муҳтарам Зардов Ш.Д. ва дигар мутахассисони бонк баромад карда, ба донишҷӯён оиди низоми бонкдории исломӣ, фарқияти он аз низоми бонкдории анъанавӣ, баланд бардоштани маърифати молияӣ ва ғайра маърӯзаҳо пешниҳод намуданд. Дар нишаст донишҷӯён низ хеле фаъол буданд ва тавонистанд, оиди мавзӯҳои баррасишуда фикру андешаҳои худро иброз доранд. Ҳамчунин донишҷӯён имкон доштанд, ки бо фаъолияти ҳаррӯзаи кормандони ҶСК “Тавҳидбонк” аз наздик шинос шаванд.
06.04.2021

Возврат к списку

Гузоштани дархост

Дархостро пур кунед

Мо ҳатман ба Шумо занг мезанем!
  • Гурӯҳи маҳсулот
  • Зергурӯҳ
  • *Гузоштани файлҳои номбар шуда ҳатми аст!