Бозтоби хабари ифтитоҳи Филиали ҶСК “Тавҳидбонк”

Бозтоби хабари ифтитоҳи Филиали ҶСК “Тавҳидбонк”

Субҳи имрӯз 29-уми январ соати 10:00 дар ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе маросими кушодашавиии Филиали ҶСК “Тавҳидбонк баргузор гардида, шурӯъ аз имрӯз фаъолияти худро оғоз кард. Пас аз шурӯи расмии филиал Раиси Раёсати ҶСК “Тавҳидбонк” муҳтарам Зардов Ш.Д оиди фаъолияти бонк ибрози андеша намуда ҳамагонро бо кушодашавии боз як филиали тозатаъсис шодбош гуфтанд.
Айни ҳол дар Филиали ҷадид 36 нафар ҳамватанонамон бо ҷойҳои корӣ таъмин, ки тақрибан 80 % -и онҳоро занону духтарон ташкил медиҳанд.
Аз ифтитоҳи нахустин филиали ҶСК “Тавҳидбонк” дар ноҳияи Фирдавсии пойтахт ҳамагон ибрози хушнудӣ карданд ва меҳмонон низ дар ин чорабинӣ ибрози андеша намуданд.Аз он ҷумла намояндаи Бонки миллии Тоҷикистон муҳтарам Кибриё Уроқзода суханронӣ намуда, ҶСК “Тавҳидбонк”-ро бонки ояндадор ва қобили эътимод унвон карданд.
Дар ҷараёни чорабинии мазкур шартномаҳо бо ҶДММ Лесинвест доир ба таҳвили автомобилҳои тамғаи “Равон” ва ҶДММ Авто Тоҷикистон доир ба таҳвили автомобилҳои тамғаи “Hyundai” ба имзо расид.
Дар асоси консепсияи Муробаҳа ба муштариёни бонк 2 автомобили тамғаи “Равон” ва “Hyundai” фурӯхта шуд.
Худи ҳамин рӯз дар Филиали ҶСК “Тавҳидбонк” суратҳисобҳои депозитӣ кушода шуд, ки ин далели эътимоднокии фаъолияти бонк аст.
Қайд кардан ба маврид аст, ки ҶСК “Тавҳидбонк” имконоти зиёдеро фароҳам оварда, пайваста талош дорад, то бо мардум ҳар чӣ бештар наздик бошад ва муштариён ба хизматрасониҳои бонкӣ дастрасии қулай ва осон дошта бошанд.
Умедворем, ки Филиали тозатаъсиси ҶСК “Тавҳидбонк” низ дар ноҳияи Фирдавсӣ бо истифода аз зарфияти арзишманди худ, аҳамият ва эҳтироми муштариёнро дар аввлавияти иқдомоти худ қарор хоҳад дод ва дар густариши низоми бонкдории исломии кишвар, нақши босазое хоҳад гузошт.
30.01.2020

Возврат к списку

Гузоштани дархост

Дархостро пур кунед

Мо ҳатман ба Шумо занг мезанем!
  • Гурӯҳи маҳсулот
  • Зергурӯҳ
  • *Гузоштани файлҳои номбар шуда ҳатми аст!