ЭЪЛОН. ҶСК “Тавҳидбонк” барои ишғоли вазифаҳои зерин озмун эълон

ЭЪЛОН. ҶСК “Тавҳидбонк” барои ишғоли вазифаҳои зерин озмун эълон

Сармутахассиси Бахши аудити исломии Шӯъбаи исломӣ (1 ҷой)
Талабот ба номзад:
- дорои маълумоти олӣ дар соҳаи фиқҳи муомилот ё молияи исломӣ;
- собиқаи кории 3 сола дар низоми бонкӣ ба ҳайси аудити шариатӣ, комплаенс ё малакаи мушовирию тадрис дар бонки исломӣ ё “Равзани” бонки исломӣ;
- идоракунии хавфҳои шариатӣ ва пешгирии онҳо;
- қобилияти таҳия намудани протоколҳо, қарорҳо, сиёсатҳо ва қоидаҳои (фатвоҳо) шариатӣ;
- пешбурди муросилот ва коргузорӣ дар сатҳи зарурӣ;
- таъмини бевоситаи талабот ва қоидаҳо (фатвоҳо) дар бонк;
- масъалаҳои гузошташуда ва қобилияти саривақт иҷро намудани онҳо;
- қобилияти кор карда тавонистан бо компютер, донистани барномаҳои Оffice, (Word, Excel, Power point) ва ғ.;
- маҳорати баланди таҳлилӣ, хулосабарорӣ ва ибрози андеша;
- ҳисси баланди масъулиятнокӣ;
- донистани забони давлатӣ (тоҷикӣ), англисӣ ҳатмӣ, донистани забони арабӣ афзалият дорад;
- донистани санадҳои меъёрии ҳуқуқии Бонки миллии Тоҷикистон, қонунгузории фаъолияти бонкӣ ва фиқҳи исломӣ.


Сардори Бахши муҳосиботи андози Идораи муҳосибот ва молия (1- ҷой)
Талабот ба номзад:
-маълумоти олии молиявӣ - иқтисодӣ;
-дониши хуб оиди қонунгузории соҳаи бонкӣ ва андоз;
-дониши кофӣ дар соҳаи баҳисобгирии муҳосибӣ ва ҳисоботи молиявӣ, аз ҷумла стандарти байналмилалии ҳисоботи молиявии исломӣ;
-доштани сертификати муҳосибии САР;
-қобилияти баланди таҳлилӣ ва хулосабарорӣ;
-малакаи касбии кор дар барномаи кор дар соҳаи андоз, донистани барномаҳои Ms Office (Word, Excel, Power point);
-донистани забонҳои давлатӣ ва русӣ ҳатмӣ, донистани забони англисӣ афзалият дорад;
-доштани собиқаи кори касби дар низоми бонкӣ ва ҳисобкунии андоз на камтар аз 5-сол, аз ҷумла дар сатҳи сардори Шӯъба (Бахш) на камтар аз 2 сол.

Хазиначӣ – амалиётчии Маркази хизматрасонии бонкӣ дар шаҳри Ваҳдат (1-ҷой)
Талабот ба номзад:
-маълумоти олии молиявӣ - иқтисодӣ;
-қобилияти кор карда тавонистан дар гурӯҳ;
-муносибати кушоду равшан ба масъалаҳои гузошташуда ва қобилияти саривақт иҷро намудани онҳо;
-малакаи касбии кор бо компютер MS Office (Word, Excel, MFSys);
-қобилияти корӣ ба таври низомӣ ва сохторӣ;
-ҳиссиёти баланди масъулиятнокӣ;
-донистани забонҳои давлатӣ ва русӣ ҳатмӣ, донистани забони англисӣ афзалият дорад;
-донистани санадҳои меъёрии ҳуқуқии Бонки миллии Тоҷикистон, қонунгузории фаъолияти бонкӣ;
-собиқаи кории бонкӣ ҳамчун мутахассис на камтар аз 1 сол.

Хоҳишмандон метавонанд Маълумотномаи худро (бо расм) ва матни кӯтоҳ оиди интихоби вазифаи мазкур ба суроғаи зерин ирсол намоняд:
Суроға: ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 4 /1 , е-mail: hr@tawhidbank.tj
тел: +992 (44) 600 47 63
- Муҳлати қабули ҳуҷҷатҳо то 22.06.2022с.
* Номзадони ба талаботҳо ҷавобгӯй барои даври минбаъдаи озмун даъват карда мешаванд.
24.05.2022

Возврат к списку

Гузоштани дархост

Дархостро пур кунед

Мо ҳатман ба Шумо занг мезанем!
  • Гурӯҳи маҳсулот
  • Зергурӯҳ
  • *Гузоштани файлҳои номбар шуда ҳатми аст!