Global Money Week

Global Money Week

ҶСК “Тавҳидбонк” бахшида ба ҳафтаи байналмиллалии молия барои кӯдакон ва ҷавонон дар доираи иқдоми байналмиллалии Global Money Week ва васеъ кардани имконияти онҳо, ҷиҳати ба роҳ мондани ояндаи масъулони молиявӣ ва ҳифзи ҳуқуқи истеъмолкунандагони хизматрасониҳои молиявӣ, санаи 13-уми апрели соли 2023 дар факултаи молия ва баҳисобгирии бухгалтерии Донишкадаи иқтисод ва савдои Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд машғулияти амалӣ гузаронида шуд. Бо донишҷӯён омӯзиши иттилоотӣ - дар чорчӯбаи маъракаи "Global Money Week", инчунин оиди мавзӯи расмии “Ҳафтаи ҷаҳонии пул 2023" «Истифодаи маблағатонро ба нақша гиред, ояндаи худро созед" (GMW2023 Theme: “Plan your money, plant your future”) маълумот дода шуд. Ҳадафи ниҳоии ин омӯзишҳо аз он иборат аст, ки ҷавонон оиди фаъолияти бонкӣ тасаввуроти бештар дошта бошанд, қабули қарорҳои оқилонаеро, ки метавонанд устуворӣ ва некӯаҳволии молиявии онҳоро беҳтар созад, аз худ намоянд.
14.04.2023

Возврат к списку

Гузоштани дархост

Дархостро пур кунед

Мо ҳатман ба Шумо занг мезанем!
  • Гурӯҳи маҳсулот
  • Зергурӯҳ
  • *Гузоштани файлҳои номбар шуда ҳатми аст!