https://www.traditionrolex.com/10

Иқдоми “Сафари Умра” ва “Ҳаҷи Фарзӣ” аз Тавҳидбонк

Иқдоми “Сафари Умра” ва “Ҳаҷи Фарзӣ” аз Тавҳидбонк

Муштариёне, ки аз санаи 01 августи соли 2022 то 31 октябри соли 2022 дар Тавҳидбонк пасандози “Музораба” мегузоранд, ё то саршавии иқдом дар бонк пасандози “Музораба” гузоштаанд, иштирокчии иқдом хоҳанд шуд.
Барои бурди “Сафари Умра” бақияи маблағи пасандоз бояд дар давоми 12 моҳу 1 рӯз пас аз оғози иқдом аз 1 000 доллари ИМА ё ҳамарзиш бо сомонӣ кам набошад. Барои бурди “Ҳаҷи Фарзӣ” бошад, бақияи маблағи пасандоз дар давоми 36 моҳу 1 рӯз пас аз оғози иқдом бояд аз 2 000 доллари ИМА ё ҳамарзиш бо сомонӣ кам набошад.
Мукофотҳо: 2- роҳхат барои “Сафари Умра” ва 2-роҳхат барои “Ҳаҷи Фарзӣ”.
Ғолибон тариқи генератсияи интихоби тасодуфӣ, тавассути барномаи махсус, интихоб мегарданд.
Муштариёни азиз! Шумо низ метавонед дар раванди муайян намудани ғолибон, ки дар Саридораи Тавҳидбонк мегузарад, иштирок намоед. Ғолибони “Сафари Умра” моҳи ноябри соли 2023 ва ғолибони “Ҳаҷи Фарзӣ” моҳи ноябри соли 2025 муайян мегарданд.
20.07.2022

Возврат к списку

Гузоштани дархост

Дархостро пур кунед

Мо ҳатман ба Шумо занг мезанем!
  • Гурӯҳи маҳсулот
  • Зергурӯҳ
  • *Гузоштани файлҳои номбар шуда ҳатми аст!
https://www.traditionrolex.com/10