Иди саиди Қурбон

Иди саиди Қурбон

Ҳамватанони азиз! Иди Қурбон, ёдномаи беҳамтои Иброҳим Халилуллоҳ ва фарзандаш Исмоил аст. Қурбон, ёдбуди Иброҳиму Исмоил, пирӯзии онҳо дар имтиҳони Худо ва мӯъҷизаю меҳрубонии зоти Ҳақ аст. Яъне ин ид, иди бандагӣ ва нуқтаи оғози он итоати маҳзи ҳазрати Иброҳим аз фармони Парвардигор ва таслим шудани ҳазрати Исмоил нисбат ба амри Худованд мебошад. Азҳо, ҷашни раҳоӣ аз асорати нафс ва ҷашни сарсупурдагию бандагист. Ҳамдиёрони гиромӣ! Бо камоли эҳтиром фаро расидани ин Иди бузург, иди танинандоз шудани навои итоат, дурахшиши зеботарин ҷилваҳои бандагӣ дар баробари Холиқи якторо, ба якояки Шумо самимона табрик мегӯем. Ба Шумо ҷуръату сарбаландии Иброҳим, сабру тоқати Исмоил, умедворию тамкини Ҳоҷар, атри арафа ва хайру баракати иди бузурги Қурбонро таманно дорем. Иди Курбон намоди бузургтарин ҷашни раҳоии инсон аз васвасаи шайтон, иди имону имтиҳон, иди ийсору эҳсон, иди қурбату қурбон, иди Халили Раҳмон, иди шикасти шайтон бар Хонаводаи мӯҳтараматон муборак бод. Зиндагиятон ба зебогии гулистони Иброҳим ва покии чашмаи замзам мусаффо бод. Бошад, ки Худованди мутаъол ибодат ва қурбониҳои ҳамаи Шуморо қабул фармояд, ранҷу ғамро аз шумо дур созад ва мушкилоти иқтисодиатонро бартараф намояд. Бигзор ғамҳоятон қурбони шодиҳоятон шаванд.
19.07.2021

Возврат к списку

Гузоштани дархост

Дархостро пур кунед

Мо ҳатман ба Шумо занг мезанем!
  • Гурӯҳи маҳсулот
  • Зергурӯҳ
  • *Гузоштани файлҳои номбар шуда ҳатми аст!