Ҷамъбасти озмуни мақолаи беҳтарин

Ҷамъбасти озмуни мақолаи беҳтарин дар мавзӯи “Низоми иқтисоди исломӣ” ва “Фаъолияти бонкии исломӣ”, ки санаи 17.04.2019с. ба тариқи сомона ва саҳифаҳои бонк дар шабакаҳои иҷтимоӣ эълон гардида буд. Тибқи шартҳои озмун дар умум 12 мақола барои иштирок дар озмун пешниҳод гардид, ки аз ҷониби аъзоёни комиссия мутолиа гардид. Мутобиқи талаботҳои озмуни эълоншуда дар мақола бояд мушкилиҳои ҷойдошта дар самти татбиқи низоми бонкии исломӣ дар ҷумҳурӣ дарҷ гардида роҳи ҳалли асосноки онҳо вобаста ба шароит ва ҳолати воқеӣ дар мамалакат пешниҳод мегардид. Мутаассифона аксар мақолаҳо характери умумии иттилоотӣ дошта ягон монеаҳо ва мушкилиҳои соҳаро дар бар намегирифтанд ба истиснои мақолае, ки баҳри Шумо барои мутолиа пешкаш менамоем.

Тазаккур бояд дод, ки Мақолаи мазкур дар мавзӯи МУАММОҲОИ АНДОЗБАНДИИ АМАЛИЁТҲОИ ТАШКИЛОТҲОИ ҚАРЗИ ИСЛОМӢ (ДАР МИСОЛИ МУРОБАҲА ВА ТАВАРРУҚ) аз ҷониби номзади илмҳои иқтисодӣ, сардори шӯъбаи рушди маъмурикунонии андози Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ходими пешбари илмии Институти иқтисодиёт ва демографияи АИ ҶТ ВАЗИРОВ СОБИР ЗОКИРОВИЧ пешниҳод гардидааст.

Матни пурраи мақола дар иҷост:  Муаммоҳои андозбандӣ (файл дар формати pdf)

Ҳамзамон ба диққати дигар иштирокчиёни озмун мерасонем, ки Раёсати ҶСК "Тавҳидбонк" ҳамчун ҳаққи қалам ба ҳар як иштирокчӣ барои пешниҳоди мақола маблағи 200 сомонӣ ҷудо намудааст, ки метавонанд тариқи муроҷиат ба Саридораи ҶСК "Тавҳидбонк" дастрас намоянд.

Раёсати ҶСК "Тавҳидбонк" бори дигар ба ҳамаи иштирокдорони озмуни "Мақолаи беҳтарин" изҳори сипос намуда дар корҳои илмию эҷодӣ комёбиҳои беназирро таманно дорад.

13.04.2020

Возврат к списку

Гузоштани дархост

Дархостро пур кунед

Мо ҳатман ба Шумо занг мезанем!
  • Гурӯҳи маҳсулот
  • Зергурӯҳ
  • *Гузоштани файлҳои номбар шуда ҳатми аст!