«Корманди қарзии беҳтарин» аз Тавҳидбонк

«Корманди қарзии беҳтарин» аз Тавҳидбонк

Ассотсиатсияи ташкилотҳои маблағгузории хурди Тоҷикистон (АТМХТ) дар ҳамкорӣ бо Ассотсиатсияи миллии занони соҳибкор «Кадбону» ва бо дастгирии Бонки миллии Тоҷикистон озмуни «20 бонуи муваффақ дар соҳаи бонкдории Тоҷикистон»-ро ба анҷом расонид.
Санаи 12-уми майи соли 2023 маросими тантанавии ҷоизасупории ғолибони Озмун баргузор гашт.
Боиси хурсандист, ки яке аз ҳамкорони мо низ дар ин Озмун ширкат карда, ғолибият ба даст овард.
Осимова Нигора Нарзуллоевна – мутахассиси Бахши маблағгузории исломии филиали ҶСК «Тавҳидбонк» дар ш. Хуҷанд, дар номинатсияи «Корманди қарзии беҳтарин» ғолиб омада, бо мукофотҳои молӣ, диплом ва сертификат барои гузаштани курси омӯзишии байналмилалӣ сарфароз гашт.
12.05.2023

Возврат к списку

Гузоштани дархост

Дархостро пур кунед

Мо ҳатман ба Шумо занг мезанем!
  • Гурӯҳи маҳсулот
  • Зергурӯҳ
  • *Гузоштани файлҳои номбар шуда ҳатми аст!