Маҷлиси умумии ғайринавбатии саҳмиядорони ҶСК «Тавҳидбонк»

Маҷлиси умумии ғайринавбатии саҳмиядорони ҶСК «Тавҳидбонк»

27 январи соли 2021 дар бинои Саридораи ҶСК «Тавҳидбонк» Маҷлиси умумии ғайринавбатии саҳмиядорони бонк баргузор гардида, қарорҳои зеринро қабул намуд: 1. Бо мақсади баланд бардоштани вазъи молиявӣ, пешрафту рушди фаъолияти бонкӣ сармояи оинномавии ҶСК «Тавҳидбонк» аз маблағи 65 000 000 (шасту панҷ миллион) сомонӣ то андозаи 85 000 000 (ҳаштоду панҷ миллион) сомонӣ бо роҳи паҳн намудани саҳмияҳои иловагӣ ба маблағи 20 000 000 (бист миллион) сомонӣ зиёд карда шуд. 2. Ба Оинномаи ҶСК «Тавҳидбонк» тағйироти зерин ворид карда шуд: дар банди 5.2.1 рақаму калимаҳои «65 000 000 (шасту панҷ миллион)» ба рақаму калимаҳои «85 000 000 (ҳаштоду панҷ миллион)» ва дар банди 5.3.3 рақаму калимаҳои «6 500 000 (шаш миллиону панҷсад ҳазор)» ба рақаму калимаҳои «8 500 000 (ҳашт миллиону панҷсад ҳазор)» иваз карда шуданд.
29.01.2021

Возврат к списку

Гузоштани дархост

Дархостро пур кунед

Мо ҳатман ба Шумо занг мезанем!
  • Гурӯҳи маҳсулот
  • Зергурӯҳ
  • *Гузоштани файлҳои номбар шуда ҳатми аст!