Моҳи таскини дилҳо муборак!!!

Моҳи таскини дилҳо муборак!!!

Муштариёни азиз! Инак боз дар остонаи як моҳи пуршукӯҳ ва пур аз файзу футӯҳ қарор дорем. Ва ҳамагон мунтазири падидор шудани ҳилоли он ҳастем, ки имшаб падидор мешавад ё фардо шаб. Шабурӯз чӣ қадар сареъ мегузаранд ва осиёби замон чӣ бо шиддат дар ҳаракат аст. Аммо дар ниҳоят шабҳову рӯзҳо ба поён хоҳанд расид ва умрҳо ва солҳо фонӣ хоҳанд гашт. Ва танҳо Парвардигор аст, ки боқӣ хоҳад монд.Зеро ҳар офаридае то замони маҳдуде мӯҳлати зистан дорад ва ин муддати таъиншуда, тамдид намегардад. Аз ин лиҳоз моҳи мубораки Рамазон фурсати арзишмандест, ки бояд бо барномарезии саҳеҳ ба истиқболи он биравем. Зеро ин моҳи осмонӣ барои наздик шудан ба Худованд ва зудудани зангор аз ҷисму рӯҳ аст. Фаро расидани моҳи мубораки Рамазон, моҳи нузули Қуръон, моҳи дурӣ аз гуноҳон, моҳи шинохту маърифат, моҳи тавбаву мағфират, моҳи ибодату бандагӣ, моҳи раҳмату зиёфати бекарони илоҳӣ, моҳи шикастани бутҳои нафс ва саҷдаи ишқ бар даргоҳи Худованди якторо ба якояки Шумо, ҳамватанони гиромӣ самимона табрик менамоем.
09.04.2021

Возврат к списку

Гузоштани дархост

Дархостро пур кунед

Мо ҳатман ба Шумо занг мезанем!
  • Гурӯҳи маҳсулот
  • Зергурӯҳ
  • *Гузоштани файлҳои номбар шуда ҳатми аст!