https://www.traditionrolex.com/10
https://www.traditionrolex.com/10

Нахустин бор дар Тоҷикистон амонатҳои фоиданоки Музораба аз Тавҳидбонк

Нахустин бор дар Тоҷикистон амонатҳои фоиданоки Музораба аз Тавҳидбонк

ҶСК «Тавҳидбонк» низоми тақсимоти фоидаро дар асоси консепсияи Музораба оғоз кард (амонатҳои исломии мӯҳлатнок) Инак боз як хушхабар ҳам барои бонк ва ҳам барои шарикони пуриқтидори мо (амонатгузорон). Акнун Тавҳидбонк амонатҳои мӯҳлатнокро тибқи консепсияи Музораба бо низоми муқарраршудаи тақсимоти фоида ҷалб менамояд. Қайд кардан ба маврид аст, ки Музораба як намуди амонатест, ки тибқи он амонатгузор маблағҳои худро дар ихтиёри бонк қарор медиҳад, Бонк ҳамчун идоракунанда амал намуда, маблағҳоро оқилона сармоягузорӣ мекунад, зеро консепсия дар асоси на танҳо тақсимоти фоида балки зарар низ асос ёфтааст. Фоида тибқи тавофуқи қаблӣ байни бонк ва амонатгузор тақсим карда мешавад, ки дар ҷадвали 1 нишон дода шудааст. Меъёри фоидаи амонат маънои ҳиссаи фоидаи ба амонатгузор пардохтшавандаро дорад,ки бонк дар натиҷаи сармоягузории минбаъдаи маблағҳои амонатии амонатгузорон дар лоиҳаҳои маблағгузорӣ, ки бо принсипҳои маблағгузории исломӣ мувофиқанд, ба даст меорад. Меъёри даромад аз ҳаҷм ва мӯҳлати амонат вобаста аст. Бо гузоштани маблағҳои худ дар бонки мо, Шумо махзани бехатар хоҳед дошт ва ҳиссаи дахлдори фоидаи сармоягузориро ба даст хоҳед овард. Бо иштирок дар тақсимоти фоидаи бонк, Шумо шарики тиҷоратии мо ва саҳҳоми ғайримустақими мо мешавед, танҳо бо тафовути он, ки Шумо имкон доред даромади худро ҳармоҳа гиред ва саҳҳомон танҳо дар охири соли молиявӣ фоидаи худро мегиранд. Бартарияти амонат • нигоҳдории боэътимоди маблағҳо ва абзорҳои иловагии сармоягузорӣ барои амонатгузорон; • ҳармоҳа ҳисоб кардани ҳиссаи фоида; • зуд ва ройгон кушодани суратҳисоб; • ҷой надоштани рибо ва ғарар (муносибатҳои фоизӣ, номуайянӣ).
18.11.2020

Возврат к списку

Гузоштани дархост

Дархостро пур кунед

Мо ҳатман ба Шумо занг мезанем!
  • Гурӯҳи маҳсулот
  • Зергурӯҳ
  • *Гузоштани файлҳои номбар шуда ҳатми аст!
https://www.traditionrolex.com/10