Навиди Тавҳидбонк

Навиди Тавҳидбонк

Дини мубини Ислом барои ашхосе, ки дорои сармояи нақдӣ ҳастанд вале бо сабабҳои мухталиф наметавонанд сармояи худро афзоиш диҳанд, роҳҳои муайяну равшанеро нишон додааст, ки тавассути он метавон ба тиҷорати хубу пурбаракат даст ёфт. Аз нигоҳи ислом ҳар муомилот ё тиҷорате, ки анҷом мегирад бояд бар уқуди шаръӣ асос ёбад. Яке аз ин қарордодҳое, ки ислом онро ҷоиз шуморидааст ва фоидаи онро комилан ҳалол медонад, аҳди Музораба мебошад. ҶСК “Тавҳидбонк” низ қабули амонатҳои мӯҳлатнокро дар асоси аҳди Музораба шурӯъ кард. Инак муштариён барои гузоштани маблағҳои хеш ба Бонки мо ташриф оварда истодаанд. Хурсандибахш аст, ки мардуми мо дар қатори дигар маҳсулоти бонкии исломӣ ба аҳди Музораба низ таваҷҷуҳи хосае зоҳир намуданд, ки ин далели густариши фаъолияти Бонк ва рушди низоми бонкдории исломӣ мебошад. Музораба ба таъбири дигар пул аз яке ва кор аз дигаре, ҳарду тараф аҳд мебанданд ва фоидаи ҳосилшударо бар асоси аҳде, ки бастаанд байни худ тақсим мекунанд. Яъне як нафар сармоягузор буда, нафари дуввум бо сармояи ӯ тиҷорат карда дар фоидаи бадастомада шарик мешавад. Дар аҳди Музораба Бонк ҳамчун Музориб ва Амонатгузор ҳамчун Раб-ул-мол баромад карда, фоидаи бадастомада байнашон тақсим мешавад. Ва зарар бошад ин таваккали (риск) Раб-ул-мол маҳсуб меёбад, яъне дар ҳолате, ки ин зарар аз беэътиноии Бонк ба вуҷуд наомада бошад. Агар Шумо низ нияти дар асоси сарчашмаҳои муътабару муътамад ва дастури шаръӣ кору тиҷорат кардан хоҳед, пас ба Тавҳидбонк шитобед! Тавҳидбонк бо Шумо шарикони қобили эътимод аҳд хоҳад баст ва аз фоидаи ҳосилшуда шуморо баҳравар хоҳад сохт.
18.11.2020

Возврат к списку

Гузоштани дархост

Дархостро пур кунед

Мо ҳатман ба Шумо занг мезанем!
  • Гурӯҳи маҳсулот
  • Зергурӯҳ
  • *Гузоштани файлҳои номбар шуда ҳатми аст!