Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 20 июни соли 2022, таҳти № 1888, мӯҳлати қонунигардонии дороиҳо ва маблағҳо то 05 июли соли 2023 тамдид карда шуд.

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 20 июни соли 2022, таҳти № 1888, мӯҳлати қонунигардонии дороиҳо ва маблағҳо то 05 июли соли 2023 тамдид карда шуд.

Ба таваҷҷӯҳи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон расонида мешавад, ки Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи авф бинобар қонунигардонии дороиҳо ва маблағҳои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон” аз 2 июли соли 2021 таҳти № 1802 қабул ва муҳлати амали қонун санаи 05 июли соли 2021 оғоз гардидааст. Тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 20 июни соли 2022, таҳти № 1888, мӯҳлати қонунигардонии дороиҳо ва маблағҳо то 05 июли соли 2023 тамдид карда шуд. Бо Қарори Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон “Дар бораи талаботи махсус ҳанго-ми кушодани суратҳисобҳои амонати мӯҳлатнок ё дархостшавандаи бонкӣ барои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба онҳо маблағҳои қонунигардонида-шаванда ворид карда мешавад” аз 6 августи соли 2021, № 126 тасдиқ гардида, 11 августи соли 2021 дар Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти № 1092 ба қайди давлатӣ гирифта шуд.
ҶСК “Тавҳидбонк” ба сифати Бонки ваколатдор, ҷиҳати қонунгардонии маблағҳои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 11 августи соли 2021 ба фаъо-лият оғоз кардааст. Шаҳрвандон метавонанд барои кушодани суратҳисобҳои амонати мӯҳ-латнок ё дархостшавандаи бонкӣ, ки ба онҳо маблағҳои қонунигардонида-шаванда ворид карда мешавад ба суроғаҳои зерин муроҷиат намоянд:
Бонки марказии ҶСК “Тавҳидбонк”, дар ш. Душанбе, ноҳияи Шоҳмансур, кӯчаи С. Айнӣ 4/1
Тел. (44) 600 47 81; (44) 601 70 70
Филиали ҶСК “Тавҳидбонк” дар ноҳияи Фирдавсӣ, кӯчаи А. Қаҳҳоров 75
Тел. (44) 600 48 86; (44) 600 48 84
Филиали ҶСК “Тавҳидбонк” дар ноҳияи Рӯдакӣ, кӯчаи Пушкин 42 А.
Тел. (44) 600 80 95
Филиали минтақавии ҶСК “Тавҳидбонк” дар вилояти Хатлон, шаҳри Бохтар, кӯчаи Норинов 6.
Тел. (8 32 22 ) 2 56 78
Филиали ҶСК “Тавҳидбонк” дар вилояти Хатлон, ноҳияи Шаҳритус, кӯчаи И. Сомонӣ 26.
Тел. 446001101
Филиали минтақавии ҶСК “Тавҳидбонк” дар вилояти Суғд, шаҳри Хуҷанд, кӯчаи Хуҷандӣ 165.
Тел. (44) 600 47 17

Дар ҳолати пайдо шудани саволҳо кормандони Филиалҳо, Марказҳои хизматрасонӣ ва шаҳрвандон метавонанд ба Хадамоти мониторинги молиявӣ ва комплаенс тавассути телефони (44) 610 00 98 ва Хадамоти ҳуқуқи ҶСК «Тавҳидбонк» тавассути телефони (44) 610 00 94 муроҷиат намоянд! Дар ҳолати пайдо шудани саволҳо кормандони Филиалҳо, Марказҳои хизматрасонӣ ва шаҳрвандон метавонанд ба Хадамоти мониторинги молиявӣ ва комплаенс тавассути телефони (44) 610 00 98 ва Хадамоти ҳуқуқи ҶСК «Тавҳидбонк» тавассути телефони (44) 610 00 94 муроҷиат намоянд!
21.07.2022

Возврат к списку

Гузоштани дархост

Дархостро пур кунед

Мо ҳатман ба Шумо занг мезанем!
  • Гурӯҳи маҳсулот
  • Зергурӯҳ
  • *Гузоштани файлҳои номбар шуда ҳатми аст!