https://www.traditionrolex.com/10

Парчам санади ҳуввияти миллии ҳамаи мост!

Парчам санади ҳуввияти миллии ҳамаи мост!

Ба ифтихори Рӯзи парчами давлатӣ дар ҶСК “Тавҳидбонк” таҳти унвони “Парчам санади ҳуввияти миллии мост” чорабинӣ баргузор гардид.
Чорабиниро Сардори Маркази тамос Азимзода Парвина оғоз намуда, ҳамагонро бо ин ҷашни фархунда табрик намуд.
Сипас сухани табрикотӣ ба Раиси Шӯрои нозирон Ширинзода Абдуҷаббор дода шуд. Ширинзода А. Парчами миллиро рамзи ваҳдат, ягонагӣ ва ҳамбастагии тамоми мардуми кишвар арзёбӣ намуд.
Ӯ ҳамчунин оиди Парчам, хусусият, мафҳуму моҳият ва мавқеи он дар ҷомеа ибрози андеша намуда қайд кард, ки яке аз хусусиятҳои муҳимтарини Парчам ба ҳам овардани мардум ва даъват ба муттаҳидӣ аст.
Дар чорабинии мазкур Соҳибназарзода Комрон Сармутахассиси Хадамоти мониторинги молиявӣ ва комплаенс оиди таъриху ташаккули Парчами Тоқиҷикистон, ва Сироҷов Баҳодур Сармутахассиси Хадамоти мониторинги хавфҳои бонкӣ, оиди маънои вожаи Парчам ва таърихи пайдоиши он дар замонҳои қадим баромадҳои ҷолибу пурмуҳтаво пешкаш намуданд.
Дар ҷамъомад бори дигар таъкид гардид, ки мо тоҷикон Парчами миллии хеш, ки муқаддасот ва баёнгари ормонҳои миллиамон маҳсуб меёбад, нигаҳдорӣ ва ҳифз намоем.
Бигзор парчами давлати мо ҳамеша барафрошта ва давлату миллатамон то абад зиндаю поянда бошад.
24.11.2021

Возврат к списку

Гузоштани дархост

Дархостро пур кунед

Мо ҳатман ба Шумо занг мезанем!
  • Гурӯҳи маҳсулот
  • Зергурӯҳ
  • *Гузоштани файлҳои номбар шуда ҳатми аст!
https://www.traditionrolex.com/10