Парчам санади ҳуввияти миллии мост!

Парчам санади ҳуввияти миллии мост!

Аз ибтидои таърих, башар барои худ порчае аз матоъро ба унвони нишони қавму миллат баргузид. Бо гузашти давру замонҳо ва густариши донишу хирад ин порчаи матоъ на ин ки ҷойгоҳи худро аз даст надод балки ҳамчун муқаддасоти миллӣ эътироф шуд ва то имрӯз ҳамчун шиносномаи миллат нигаҳдорӣ ва ҳифз мешавад ва баёнгари ормонҳои ҳар як миллат маҳсуб меёбад. Дар сарзамини ҷовидонаи тоҷикон низ парчам муҳимтарин санади миллӣ будааст ва хоҳад буд. Парчам санади ҳуввият, нишони иззат, ифтихор ва бовари ҳар яки мост. Парчам устураи ғурур, рамзи пойдорӣ, баёнгари қудрату қуввати миллати тоҷик аст. Аз ин лиҳоз якояки Шуморо бо Рӯзи Парчами давлатии Тоҷикистон самимона табрику таҳният намуда, ба шумо тансиҳатӣ, тақвияти рӯҳияи миллӣ ва тавҳиду ягонагиро таманно дорем. Бигзор парчами давлати мо ҳамеша барафрошта ва давлату миллатамон то абад зиндаю поянда бошад. Рӯзи Парчами миллӣ муборак, ҳамватанони азиз! Роҳбарияти ҶСК “Тавҳидбонк”
24.11.2020

Возврат к списку

Гузоштани дархост

Дархостро пур кунед

Мо ҳатман ба Шумо занг мезанем!
  • Гурӯҳи маҳсулот
  • Зергурӯҳ
  • *Гузоштани файлҳои номбар шуда ҳатми аст!