https://www.traditionrolex.com/10

Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Роҳ ба сӯи сулҳ... Ҳамватанони азиз, ҳамаи Шуморо бо фарорасии ҷашни пуршукӯҳи кишвар, “Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон” самимона табрик намуда, ба Шумо субот,амният ва тансиҳатию некбахтиро таманно дорем. 16-уми ноябрро метавон рӯзи арҷгузорӣ аз заҳамоти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон унвон кард ва онро гиромӣ дошт. Зеро маҳз 16 ноябри соли 1994 дар иҷлосияи Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими савгандёдкунӣ ва ба вазифа оғоз кардани Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардида буд, ки марҳилаи навини давлатӣ ва рушди минбаъдаи онро бунён ниҳод. Шурӯъ аз ҳамин санаи муҳиму тақдирсоз Президенти тозаинтихобгардида, масъулияти бузургро бар дӯш гирифт ва тавонист, ки дар як муддати хеле кӯтоҳ ҷамъи парешонгаштаи моро ба ҳам оварад, сулҳу осоишро таҳким бахшад ва Тоҷикистони азизро аз вартаи ҳалокат вораҳонад. Бори дигар аз Худованди бузург илтиҷои онро дорем, ки неъматҳои бекаронро ба хонадони якояки Шумо арзонӣ дорад. Пешрафт, мувафаққият, беҳрӯзӣ ва сарфарозию пирӯзии Шумо орзӯи ҳамешагии мост. Роҳбарияти ҶСК “Тавҳидбонк”
18.11.2020

Возврат к списку

Гузоштани дархост

Дархостро пур кунед

Мо ҳатман ба Шумо занг мезанем!
  • Гурӯҳи маҳсулот
  • Зергурӯҳ
  • *Гузоштани файлҳои номбар шуда ҳатми аст!
https://www.traditionrolex.com/10