Вохӯрии Раиси Раёсати ҶСК “Тавҳидбонк” бо Директори Генералии Донишкадаи Молияи Исломии Кембриҷ

Вохӯрии Раиси Раёсати ҶСК “Тавҳидбонк” бо Директори Генералии Донишкадаи Молияи Исломии Кембриҷ

Вохӯрии Раиси Раёсати ҶСК “Тавҳидбонк” бо Директори Генералии Донишкадаи Молияи Исломии Кембриҷ Дар саридораи ҶСК “Тавҳидбонк” вохӯрии Раиси Раёсати ҶСК “Тавҳидбонк” - Зардов Ш.Д. бо Директори генералии Донишкадаи Молияи исломии Кембриҷ –доктор Ҳумоюн баргузор гардид. Дар рафти мулоқот масъалаҳои марбут ба омодасозии мутахассисони соҳибтаҷриба дар самти маблағгузории исломӣ, тарҳрезӣ ва ташкили курсҳои муштараки таълимӣ, ки пас аз итмоми он шаҳодатномаҳои сатҳи байналмиллалии эътирофнамудаи Донишкадаи мазкур дода мешаванд, инчунин барномаҳои баланд бардоштани нерӯи институтсионалӣ ва касбии кормандони Тавҳидбонк ва дигар бонкҳои ватанӣ, ҳамкорӣ дар доираи фаъолияти Маркази таълимӣ-омӯзишии молия исломӣ дар назди Тавҳидбонк ва дигар масъалаҳо баррасӣ гардиданд. ҶСК “Тавҳидбонк” ҳамчун аввалин бонки исломӣ шарики боэътимод барои муштариён, сармоягузорони ватанию хориҷӣ, соҳибкорон, корхонаҳо ва сохтору ниҳодҳои давлатӣ дар мавриди пешниҳоди маблағгузориҳои инноватсионии исломӣ (алтернативӣ) баромад мекунад.
14.02.2020

Возврат к списку

Гузоштани дархост

Дархостро пур кунед

Мо ҳатман ба Шумо занг мезанем!
  • Гурӯҳи маҳсулот
  • Зергурӯҳ
  • *Гузоштани файлҳои номбар шуда ҳатми аст!