Ёддошти тафоҳум байни Бонки Исломии Рушд ва ҶСК «Тавҳидбонк»  оид ба ҳамкорӣ дар самти тавсеаи имкониятҳои иқтисодӣ  дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба имзо расид

Ёддошти тафоҳум байни Бонки Исломии Рушд ва ҶСК «Тавҳидбонк» оид ба ҳамкорӣ дар самти тавсеаи имкониятҳои иқтисодӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба имзо расид

Санаи 15.04.2021с. (03/09/1442с. аз рӯи солшумории ҳиҷрӣ) рӯйдоди муҳим барои ҶСК «Тавҳидбонк» ба вуқуъ пайваст. Президенти Бонки Исломии Рушд Др. Бандар М.Ҳ. Ҳаҷҷар ва Раиси Раёсати ҶСК «Тавҳидбонк» Зардов Ш.Д. Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ дар самти тавсеаи имкониятҳои иқтисодӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба имзо расониданд. Санади мазкур баҳри ноилшавӣ ба ҳадафҳои Бонк такони ҷиддӣ бахшида, ба фаъолияти комилан самарабахши ҳар ду ҷониб, инчунин рушд ва тавсеаи имкониятҳои иқтисодӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мусоидат хоҳад кард. Маврид ба зикр аст, ки аз тарафи Тавҳидбонк ва Бонки Исломии Рушд мавриди омӯзиш қарор додани имкониятҳои густариш ва афзун намудани иқтидорҳои молиявию иқтисодии Бонк дар Тоҷикистон тариқи сармоягузорӣ аз ҷониби Бонки Исломии Рушд бо истифода аз инструментҳои гуногуни молиявӣ - иштирок дар сармояи Бонк, пешниҳоди хатти дарозмуддати маблағгузорӣ ва грант барои рушди институтсионалии Тавҳидбонк пешбинӣ шудааст. Бонки Исломии Рушд (Islamic Development Bank) - бонки бисёрҷонибаи рушд, ки ҳадафаш мусоидат ба рушди иқтисодӣ ва пешрафти иҷтимоии кишварҳои аъзои он ва ҷомеаҳои мусулмоннишини кишварҳои ғайриаъзо тавассути маблағгузории лоиҳаҳои рушди иқтисодиву иҷтимоӣ тибқи принсипҳои Шариат мебошад. ҶСК «Тавҳидбонк» - аввалин бонки исломӣ дар Тоҷикистон маҳсуб ёфта, мақсади асосии он мусоидат ба рушди бонкдории исломӣ дар кишвар ва фаъолона дастгирӣ намудани соҳибкории хурду миёна баҳри таъмини рушди иҷтимоӣ-иқтисодии кишвар мебошад.
21.04.2021

Возврат к списку

Гузоштани дархост

Дархостро пур кунед

Мо ҳатман ба Шумо занг мезанем!
  • Гурӯҳи маҳсулот
  • Зергурӯҳ
  • *Гузоштани файлҳои номбар шуда ҳатми аст!