Онлайн-тест

Бояд қайд намуд, ки натиҷаи тести шумо аз тарафи Хадамоти кадрӣ баррасӣ гардида дар асосион тасмимоти минбаъда гирифта мешаванд.

1 Дарозии дарёи Сир 2663 км буда, дарозии Аму 369 км кӯтоҳтар аст. Агар дарозии дарёи Панҷ аз дарозии Аму 1373 км кӯтоҳ, бошад, дарозии дарёи Панҷ чанд км аст?
2 Киштӣ дар ҳар соат масофаи ба 45 км баробарро тай мекунад. Вай бо ҳамин суръат шино карда, дар 7 соат кадом масофаро тай мекунад?
3 Мошини боркаш бо суръати 36 км/соат аз деҳа ба маркази ноҳия ҳаракат карда, 3 соат сарф кард. Аз маркази ноҳия то деҳа бо ҳамин рох, савори асп равона шуд, ки суръати ҳаракаташ 12 км/соатро ташкил медод. Барой тай намудани ҳамин масофа у чанд соат вақт сарф кард?
4 Дар байни баъзе аз рақамҳои навишти 88888888 аломати ҷамъро тавре нависед, ки суммаи рақамҳо ба 1000 баробар шавад
5 Падар аз писар 20 сол калонсол буда, писар аз падар 5 маротиба хурдсол аст. Падар чандсола асту писар чандсола?
6 Синни падар ба суммаи синҳои писару духтараш баробар аст. Писар аз падараш 20 сол ҷавон буда, аз хоҳараш 2 маротиба калонсол аст. Ҳар кадоме аз онҳо чанд сол дорад?
7 Аз ду деҳаи аз ҳам дар дурии 16 км ҷойгирбуда дар як лаҳзаи вақт ба пешвози ҳам ду пиёда равон шуд. Суръати ҳаракати яке аз онҳо ба 3,4 км/соат ва дигараш ба 4,6 км/соат баробар буд. Пиёдахо пас аз чанд соат вохурданд? Ҷои вохурии онҳо аз ин деҳаҳо чӣ қадар дур ҷойгир аст?
8 Командаи яккачини мамлакат дар олимпиада 23 медал гирифт. Медалҳои тиллову нуқра якҷоя 13-то ва медалҳои тиллову биринҷӣ дар якчоягӣ 15-то буданд. Шумораи медалҳои тилло, нуқра ва биринҷӣ ёфта шавад.
9 Харидор 25% -и пулҳои дар ҳамён доштаашро сарф кард. Барои хариди мева 30%-и ин маблағ, барои хариди сабзавот 9,8 сомони сарф шуд. У чанд сомонӣ дошт?
10 Коргар 20% -и мукофоти гирифтаашро барои хариди телевизор ва 15%-и маблағи боқимондаро барои таъмири хонааш сарф кард. Боз 1190 сомонӣ боқӣ монд. Мукофоти 201 додашуда чанд сомонӣ буд?

Подать заявку

Заполните форму

Мы с вами обязательно свяжемся!
  • Категория
  • Подкатегория
  • *Прикрепление данных файлов является обязательным.