Мурабаҳаи манзил
Муробаҳа - манзил
Маблағгузорӣ барои шахсони воқеӣ бо мақсади ба даст овардани амволи ғайриманқул (манзили истиқоматӣ, хона дар биноҳои серошёна) пешбинӣ шудааст.
Шартҳо
- шахсони воқеӣ, соҳибкорони инфиродӣ (сокинони (резидент) Ҷумҳурии Тоҷикистон)
- синну сол: аз 18 то 63 - сола
- маблағи ҳадди ақали маблағгузорӣ - 1 000 $ Доллари ИМА муодили сомонӣ
- маблағи ҳадди аксари маблағгузорӣ - 100 000$ Доллари ИМА муодили сомонӣ
- бо сомонӣ 60 моҳ (5 сол)
- бо доллари ИМА 132 – моҳ (11- сол)
- маржа/изофапулӣ бо сомонӣ:
- аннуитет 23%
- собит 12.8%
- маржа/изофапулӣ бо доллари ИМА:
- аннуитет 12%
- собит 6.6%
Коэффисенти Маблағгузорӣ
- агар арзиши маблағгузории амволи ғайриманқул аз 1000 $ то 10000 $ доллари ИМА-ро ташкил диҳад, на камтар аз 20% (маблағи шахсии муштарӣ) пешпардохт талаб карда мешавад, амволи харидашуда гарав маҳсуб меёбад
- агар арзиши маблағгузории амволи ғайриманқул аз 10 001$ то 25 000 $ доллари ИМА-ро ташкил диҳад, на камтар аз 25% (маблағи шахсии муштарӣ) пешпардохт талаб карда мешавад, амволи харидашуда гарав маҳсуб меёбад.
- агар арзиши маблағгузории амволи ғайриманқул 25,001$ - 50,000$ доллари ИМА-ро ташкил диҳад, дар ҳаҷми на камтар аз 27% (маблағи шахсии муштарӣ) пешпардохт талаб карда мешавад, амволи харидашуда гарав маҳсуб меёбад.
- агар арзиши маблағгузории амволи ғайриманқул $50,001 - 100,000$ доллари ИМА-ро ташкил диҳад на камтар аз 30% (маблағи шахсии муштарӣ) пешпардохт талаб карда мешавад аз ин маблағ талаб карда мешавад, амволи харидашуда гарав маҳсуб меёбад.
Ҳуҷҷатҳои Зарурӣ
- шиноснома ва РМА (агар дар шиноснома қайд нашуда бошад)
- ҳуҷҷати тасдиқкунандаи манбаи даромади муштарӣ: маълумотнома оиди музди маош ё шаҳодатномаи фаъолияти соҳибкорӣ бо иқтибоси андозҳои пардохтшуда дар 6 моҳи охир
Қарзро пардохт кардан мумкин аст
- дар хазинаҳои Тавҳидбонк
- дар замимаи мобилии Tawhid Pay
- дар терминалҳои шарикони Тавҳидбонк ҶСК «Банк Эсхата», ҶДММ ТАҚХ «Душанбе Сити» ва ҶДММ «Тамвил»