https://www.traditionrolex.com/10
https://www.traditionrolex.com/10

Ҳамоиши ҷавонони соҳаи бонкдорӣ

Ҳамоиши ҷавонони соҳаи бонкдорӣ

Бо ташаббуси Бонки миллии Тоҷикистон дар ҳамбастагӣ бо Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе, дар назди бинои Театри давлатии академии опера ва балети ба номи С.Айнӣ, ба ифтихори ҷашни 30-солагии Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамоиши ҷавонони соҳаи бонкдорӣ баргузор шуд. Чорабинии мазкур зери унвони “Нақши ҷавонон дар 30-соли соҳибистиқлолӣ: дастовард ва дурнамо” гузаронида шуда, дар он мутахассисони ҷавон аз тамоми муассисаҳои молиявии кишвар иштирок намуданд. Ҷавонон маҳсулот ва хизматрасониҳои бонкиро ба маърази тамошо гузошта, аз баргузории чунин ҷамъомад изҳори хурсандӣ карданд. Ҳамчунин намоиши ҷойҳои кории холӣ дар муассисаҳои молиявӣ баргузор гардид. Бояд қайд кард, ки намоиши дастовардҳои кормандони ҷавон воқеан ҷолибу хотирмон анҷом пазируфт ва мутахассисони соҳаи бонкии кишвар тавонистанд аз бурду бохт ва муваффақияту пешравии ҳамдигар огоҳ шаванд.
06.10.2021

Возврат к списку

Гузоштани дархост

Дархостро пур кунед

Мо ҳатман ба Шумо занг мезанем!
  • Гурӯҳи маҳсулот
  • Зергурӯҳ
  • *Гузоштани файлҳои номбар шуда ҳатми аст!
https://www.traditionrolex.com/10