https://www.traditionrolex.com/10
https://www.traditionrolex.com/10

Ҳарфи мардум

Ҳарфи мардум

Тарҳи Тамоси мустақим - тарҳи тозаю ҷадид дар Низоми бонкдории исломӣ ё худ сӯҳбати озоду рафиқона бо Раиси Раёсати ҶСК “Тавҳидбонк”. Тақрибан ба ҳар корхона, муассиса ва ё ташкилоте, ки рафтаем як қуттие, ки рӯи он “Арзу шикоятҳо ва муроҷиати шаҳрвандон” навишта шудааст, дидаем. Мо низ бо ҳамин мақсад, яъне дарёфти тамосу иртиботи бевосита бо мардум қуттиеро бо чунин навиштаҷот дар дохили бинои Сарбонк гузоштем. Вале мутаасифона бо гузашти рӯзҳою ҳафтаҳо ва моҳҳо қуттии гузоштаи мо ҳамоно ки холӣ буд. Ин аз он гувоҳӣ медод, ки шояд мардум ҳарфи гуфтане ба мо надоранд ва ё эътимод ба он надоранд, ки ба арзу шикоятҳои онҳо расидагӣ мешавад. Рақамҳои Маркази тамос, суроғаҳои сомонаю саҳафоти иҷтимоиямон низ чандон натиҷабахш набуд. Чунин ба назар мерасид, ки бисёре аз мардум эътимоде на ба ин қуттиҳо доранду на ба сомонаю саҳифаҳои иҷтимоӣ. Шояд гумон мекунанд, ки садояшон ва ё навиштаҷоташон аз тарафи роҳбарияти муассиса на хонда мешаваду на шунида. Аз ҳеҷ кас пӯшида нест, ки то имрӯз на ҳама метавонанд, ки бидуни кадом восита дар тамос бо роҳбарони корхонаю муассисаҳо муваффақ шаванд. Тамоси мустақим бо роҳбарон, расонидани арзу шикоят, пешниҳод, ибрози андеша ва гуфтани ҳарфи дил, аз мушкилоти ҳамешагии мардум буду ҳаст. Шояд ҳамин омилҳо буд, ки ин қолаб аз ҷониби Раиси Раёсати ҶСК “Тавҳидбонк” шикаста шуд. Ва шурӯъ аз 22-уми сентябри соли 2021 дар ҳамаи Филиал ва Марказҳои хизматрасонии ҶСК “Тавҳидбонк” муроҷиат ва расми Раиси Раёсати Бонк бо рақами телефони дастиашон гузошта шуд, то мардум битавонанд арзу шикоят ва дархосту пешниҳодоти худро мустақиман ба Роҳбари Бонк бирасонанд. Акнун тамоми муштариёни Бонк метавонанд ҳар рӯзи корӣ аз соати 9:00 то 16:00 бидуни маҳдудият бо Раиси Раёсати ҶСК “Тавҳидбонк”-Зардов Шералӣ тамос гиранд. Дар тамоси рӯзи оғози тарҳ 22-юми сентябри соли 2021 соати 08:20 дақиқа аввалин садои занг аз н. Қубодиён буд. Яъне аввалин шуда муштарӣ, Хушназаров Рустам Темурович мустақиман ба телефони боварии Раиси Раёсати Бонк занг зада оид ба набудани маблағи нақд дар хазинаи МХБ- и н. Қубодиён муроҷиат намуд. Хушназаров Рустам оиди камбудии ҷойдошта дар мавриди хизматрасонии кормандони Бонк бо Раиси Раёсати Бонк дар тамоси мустақим, сӯҳбати озоду ошкор ва самимонаю рафиқона доштанд. Баъди занги муштарӣ масъалаи мазкур дарҳол бартараф шуд. Барои ислоҳи камбудии мазкур дар яке аз марказҳои хизматрасонии бонк дар ноҳияи Қубодиён ва аввалин занги тамос ба Раиси Раёсати Бонк, муштарӣ Хушназаров Рустам қадрдонӣ гардида, ба ӯ тӯҳфаҳои хотиравии бонк тақдим карда шуд. Баъди занги аввал дигар зангҳо низ аз ҷониби муштариёни Бохтар ва Рӯдакӣ ворид гадиданд. «Муштариён бояд ба бонки хизматрасонии худ боварию эътимод дошта бошанд. Сари вақт босифат, босуръат ва бо шеваи хуб аз ҷониби тамоми кормандони бонк хизматрасонӣ карда шаванд. Мо набояд аз муштариёни худ пинҳон шавем. Муштариён бе бонк буда метавонанд, аммо Бонк бидуни муштариёнаш арзи вуҷуд дошта наметавонад. Барои мо фикру пешниҳодот, эроду шикоятҳо ва тавсияҳои муштариёнамон муҳим ва заруранд. Дар асоси онҳо мо камбудиҳои ҷойдоштаро ислоҳу бартараф месозем» - Ш. Зардов. Тарҳи ҷадиди ҶСК “Тавҳидбонк”- Тамоси мустақим бо Роҳбарияти Бонк оғозест, барои ҳамкориҳои боэътимоду иртиботи муфид бо муштариён. Муштариёни азиз. Мо ба Шумо камоли эҳтиром мегузорем, дархосту пешниҳод ва арзу интиқоди Шуморо мепазирем. Зеро эҳтирому боварӣ, сидқу сафову самимият ба ҳамдигар омили рушди тиҷорат ва баракат дар кору рӯзгори мову Шумо хоҳад буд.
28.09.2021

Возврат к списку

Гузоштани дархост

Дархостро пур кунед

Мо ҳатман ба Шумо занг мезанем!
  • Гурӯҳи маҳсулот
  • Зергурӯҳ
  • *Гузоштани файлҳои номбар шуда ҳатми аст!
https://www.traditionrolex.com/10