https://www.traditionrolex.com/10
https://www.traditionrolex.com/10

Аввалин бор Ҳадя (ҳиба) ба муштариён аз ҷониби Тавҳидбонк

Аввалин бор Ҳадя (ҳиба) ба муштариён аз ҷониби Тавҳидбонк

Муштариёни азиз, тақрибан ҳар яки мо аз ҷониби шахсе ҳадя ё худ туҳфа гирифтаем ва ба касе низ ҳадя кардаем. Яъне ҳадя молест, ки онро ба касе мебахшем ва бар ивази он ягон чашмдоште надорем. Ҳиба низ дар луғат ба маънои бахшидани мол бар дигаре аст. Дар истилоҳи фиқҳӣ ақдеро меноманд, ки дар он яке аз тарафҳои қарордод молеро ройгон ба тарафи муқобил ҳадя мекунад. Инак Тавҳидбонк низ ба таваҷҷуҳи муштариён мерасонад, ки меъёри миёнаи фоида аз амонатҳои муҳлатноки Музораба дар соли ҷорӣ бо пули миллӣ дар таносуб бо фоиз 6,11% солонаро ташкил дод. Ҳамзамон, ба ифтихори 2-юмин солгарди таъсисёбии бонк, ҳамчун бонки исломӣ ҷиҳати ҳавасмандгардонии муштариёне, ки маблағҳои худро дар суратҳисобҳои дархостӣ ва пасандозӣ давоми на камтар аз як соли охир нигоҳ доштаанд, Ҳиба (ҳадяи пулӣ) пешниҳод намуд, ки аввалин бор дар низоми бонкии кишвар таҷриба мешавад. Ҳадяи пулии пешниҳодгардида таносубан ба 5,02% -и бақияи суратҳисобҳои мазкур баробар аст. Ҳиба-боризтарин бахшиши амвол дар шакли пулию молӣ ба муштариёни мо! Тавҳидбонк-Бонки бефоизи Шумо!
30.09.2021

Возврат к списку

Гузоштани дархост

Дархостро пур кунед

Мо ҳатман ба Шумо занг мезанем!
  • Гурӯҳи маҳсулот
  • Зергурӯҳ
  • *Гузоштани файлҳои номбар шуда ҳатми аст!
https://www.traditionrolex.com/10