https://www.traditionrolex.com/10
https://www.traditionrolex.com/10

Cафари кории Раиси Раёсати ҶСК “Тавҳидбонк” Зардов Ш.Д. ба вилояти Суғд

Cафари кории Раиси Раёсати ҶСК “Тавҳидбонк” Зардов Ш.Д. ба вилояти Суғд

Дар санаи 23 июли соли 2020, Раиси Раёсати ҶСК “Тавҳидбонк” мӯҳтарам Зардов Шералӣ Давлаталиевич бо як зумра намояндагони ширкату ташкилотҳо - муштариёни филиали ҶСК “Тавҳидбонк” дар шаҳри Хуҷанд вохӯрӣ гузарониданд. Вохӯрии мазкур дар гирди мизи мудаввар, дар маҷлисгоҳи бинои меҳмонхонаи “Парламент” дар шаҳри Хуҷанд сурат гирифта, Раиси Раёсат ба муштариён оиди маҳсулотҳои бонкии исломӣ ва аҳду амалиёте, ки тибқи принсипҳои маблағгузории исломӣ анҷом меёбанд, маълумоти муфассал пешниҳод намуданд. Дар анҷоми вохӯрӣ, Раиси Раёсат барои ҳамкориҳои судманд, ба муштариёни бонк арзи сипос намуда, онҳоро бо сипосномаю тӯҳфаҳо қадрдонӣ намуданд. Ҳамчунин, санаи 23 июли соли 2020, дар филиали ҶСК “Тавҳидбонк” дар шаҳри Хуҷанд маблағгузории хариди автомашинаи сабукрав тариқи аҳди Муробаҳа ба роҳ монда шуд. Аввалин маблағгузории хариди автомашинаи сабукрав бо иштироки Раиси Раёсати ҶСК “Тавҳидбонк” мӯҳтарам Зардов Шералӣ Давлаталиевич дар бинои филиали ҶСК “Тавҳидбонк” дар шаҳри Хуҷанд сурат гирифт. Пас аз ба имзо расонидани ҳуҷҷатҳои марбута, Раиси Раёсати бонк шахсан ба муштарӣ калиди автомашинаро тақдим намуда , дар фаъолияти муштарӣ муваффақияту бурдбориҳоро таманно намуданд. Зимни сафари кории худ ба вилояти Суғд, Раиси Раёсати ҶСК “Тавҳидбонк”, бо директори молиявии ҶДММ "Ширкати саноати - кӯҳии Тоҷикистону Хитой" – Zhang Shaoyuan (Чисан Шаоюань) ва намояндаи ширкат дар ш.Бӯстон – Fu Pingjiao вохӯрӣ намуданд. Ширкати мазкур яке аз муштариёни фаъоли бонк ба ҳисоб рафта, ба корҳои конканӣ ва истеҳсоли сурбу мис машғул мебошад. Дар ҷараёни вохӯрӣ ҷонибҳо барои боз ҳам вусъат додани ҳамкориҳои босамар изҳори назар намуда, таклифу пешниҳодҳои худро ба ҳамдигар расониданд. Раиси раёсати бонк мӯҳтарам Зардов Ш.Д. аз ҳамкориҳои судманди тарафайн изҳори қаноатмандӣ намуда, ба намояндагони ҶДММ "Ширкати саноати-кӯҳии Тоҷикистону Хитой" сипоснома ва тӯҳфаи бонкро тақдим намуданд.
29.07.2020

Возврат к списку

Гузоштани дархост

Дархостро пур кунед

Мо ҳатман ба Шумо занг мезанем!
  • Гурӯҳи маҳсулот
  • Зергурӯҳ
  • *Гузоштани файлҳои номбар шуда ҳатми аст!
https://www.traditionrolex.com/10