https://www.traditionrolex.com/10
https://www.traditionrolex.com/10

Даъватнома барои иштирок дар озмуни кушода, барои гузаронидани аудити ҳарсолаи ҳатмии ҶСК «Тавҳидбонк»

Даъватнома барои иштирок дар озмуни кушода, барои гузаронидани аудити ҳарсолаи ҳатмии ҶСК «Тавҳидбонк»

ҶСК “Тавҳидбонк” ширкатҳои аудиториеро, ки иҷозатномаи Бонки миллии Тоҷикистонро соҳибанд, барои иштирок дар озмуни кушод, ҷиҳати гузаронидани аудити ҳарсолаи ҳатмӣ (санҷиши аудитории ҳисоботҳои молиявию муҳосибии Бонк ва тартиб додани хулосаи аудиторӣ оид ба дурустии ин ҳисоботҳо тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26.07.2014 таҳти №1108 “Дар бораи фаъолияти бонкии исломӣ” ва стандартҳои маблағгузории исломӣ), ки давраи аз 1 январи соли 2020 то 31декабри соли 2020 - ро дар бар мегирад, даъват менамояд. Барои иштирок дар озмун, ширкатҳои аудиторӣ бояд ба ҶСК «Тавҳидбонк» ҳуҷҷатҳои зеринро пешниҳод намоянд: • Дархости ширкат барои иштирок дар озмун, ки бо имзои роҳбар ва мӯҳри ширкат тасдиқ шудааст; • Нусхаи ҳуҷҷатҳои таъсисии ба таври нотариалӣ тасдиқшудаи ширкат бо назардошти тағйироту иловаҳои охирин; • Иҷозатнома оид ба татбиқи фаъолияти аудитории анъанавӣ; • Доштани иҷозатномаи дахлдор, тахассус ва таҷрибаи кофӣ барои гузаронидани аудит дар ташкилотҳои қарзии исломӣ; • Тавозуни муҳосибии охирини солона, инчунин тавозуни давраи охирини ҳисоботӣ, ки аз ҷониби мақомоти андоз тасдиқ шудааст; • Лоиҳаи шартнома барои гузаронидани аудит. Дар Лоиҳаи шартнома арзиши мукофотҳо, нақша ва мӯҳлати гузаронидани санҷиши аудиторӣ нишон дода шавад. Арзиши гузаронидани санҷиши аудиторӣ бо сомонӣ нишон дода шуда, бояд ниҳоӣ бошад ва андозҳоеро, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ кардааст, дар бар гирад. Дар сурати аз тарафи иштирокчӣ пурра пешниҳод нагардидани ҳуҷҷатҳои зарурӣ, Бонк ҳуқуқи рад кардани дархостро дорад. Дархост ва ҳуҷҷатҳо барои иштирок дар озмун то 5 марти соли 2020 қабул карда мешаванд. Ширкатҳои аудиторӣ барои иштирок дар озмун бояд ба суроғаи зерин дархост фиристанд: 734025, ш. Душанбе, ул. Н.Мухаммад, 10/17, Сарбонк ҶСК «Тавҳидбонк», тел.: (992 44) 600-47-75, e-mail: info@tawhidbank.tj Комиссияи тендерии ҶСК «Тавҳидбонк».
18.02.2020

Возврат к списку

Гузоштани дархост

Дархостро пур кунед

Мо ҳатман ба Шумо занг мезанем!
  • Гурӯҳи маҳсулот
  • Зергурӯҳ
  • *Гузоштани файлҳои номбар шуда ҳатми аст!
https://www.traditionrolex.com/10