Эълон: ҶСК “Тавҳидбонк” барои ишғоли вазифаҳои зерин озмун эълон менамояд:

Эълон: ҶСК “Тавҳидбонк” барои ишғоли вазифаҳои зерин озмун эълон менамояд:

Эълон:
ҶСК “Тавҳидбонк” барои ишғоли вазифаҳои зерин озмун эълон менамояд:
I. “Сардори Шӯъбаи маркетинг”
Вазифаҳои асосӣ:
• Таҳияи нақшаи медиавӣ;
• Гузаронидани тадқиқоти маркетингӣ;
• Гузаронидани чорабиниҳои рекламавӣ, пешбурди таблиғоти маҳсулот ва хизматрасониҳо;
• Арзёбии самаранокӣ ва таҳлили чорабиниҳои маркетингӣ гузаронидашуда;
• Ҷустуҷуй ва таҳлили воситаҳои самараноки паҳнкунии маводҳои рекламавӣ.
Талаботҳо:
• Дорои маълумоти олӣ;
• Маҳорати муошират ва маҳорати баланди идоракунӣ;
• Дониши кофӣ дар соҳаи маркетинг;
• Доштани қобилияти баланди таҳлилӣ, маҳорати гузаронидани гуфтушунидҳо, нутқи дурусти шифоҳӣ ва хаттӣ;
• Донистани асосҳои маркетинги рақамӣ.


II. «Маркетолог-таҳлилгар”
Вазифаҳои асосӣ:
• Таҳқиқ, ҷамъоварӣ ва таҳлили иттилооти маркетингӣ;
• Пешбурди (нигаҳдории) пойгоҳи иттилоот тибқи нишондод ва тамоюлҳои бозор, истеъмол ва фаъолияти рақибон;
• Таҳлили пойгоҳи муштариён аз рӯи маҳсулот ва ғ;
• Назорати раванди тадқиқоти маркетингӣ, иштирок дар коркарди натиҷаҳои он ва омода намудани ҳисоботҳо;
• Омодакунии пойгоҳи муштариён барои фиристодан ба нуқтаҳои фурӯш;
• Гузаронидани тадқиқоти харитаи саёҳати муштариён (Customer Journey Map);
Талаботҳо:
• Дорои маълумоти олӣ;
• Малакаи касбии кор бо компютер - Excel;
• Доштани собиқаи корӣ ҳамчун маркетолог ва ё таҳлилгар:
• Савияи баланди дониш дар соҳаи маркетинг;
• Доштани қобилияти баланди таҳлилӣ, маҳорати гузаронидани гуфтушунидҳо, нутқи дурусти шифоҳӣ ва хаттӣ;
• Боэътимод истифода бурдани барномаҳои компютерӣ ва таҷҳизоти техникӣ.

III. «Digital – маркетолог»
Вазифаҳои асосӣ:
• Пешбурди чорабиниҳои рекламаи рақамӣ;
• Омода намудани маводҳо (контент) барои веб-сайт ва шабакаҳои иҷтимоӣ;
• Пешбурди SMM ва мақсаднокии (таргет) он;
• Пайгирии самаранокӣ ва тағйирёбии (конверсия) коэффисиент;
• Дар сатҳи баланд анҷом додани корҳои техникӣ;
• Гузаронидани таҳлилҳои маркетингии бозор;
• Бурдани чорабиниҳои рекламавӣ дар пойгоҳҳои: Google Ads, «Яндекc Директ», MyTarget;
• Таҳлил ва корбарӣ бо «Яндекc Метрика» ва Google Analytics.
Талаботҳо:
• Дорои маълумоти олӣ;
• Асосҳои SEO ва SEM;
• Асосҳои Контент-маркетинг;
• Асосҳои пешбурди SMM;
• Асосҳои пешбурди видеоӣ дар YouTube;
• Доштани қобилияти хуби таҳлилкунӣ;
• Донистани асосҳои маркетинги рақамӣ (digital);
• Таҷрибаи корӣ на кам аз як сол дар соҳаи digital marketing;

Хоҳишмандон метавонанд Маълумотномаи худро (бо расм) ба почтаи электронии hr@tawhidbank.tj, m.burieva@tawhidbank.tj ба суроғаи ш. Душанбе, кӯчаи Айни, 4/1 ирсол намоянд.
Телефон барои маълумот: +992 (44) 600 47 63, (44) 600 47 77
Муҳлати қабули ҳуҷҷатҳо то 20.02.23
Эзоҳ: Номзадҳои ба талаботҳо ҷавобгӯй барои даври минбаъдаи озмун даъват карда мешаванд.
31.01.2023

Возврат к списку

Гузоштани дархост

Дархостро пур кунед

Мо ҳатман ба Шумо занг мезанем!
  • Гурӯҳи маҳсулот
  • Зергурӯҳ
  • *Гузоштани файлҳои номбар шуда ҳатми аст!