Форуми бонкдории исломӣ ва молияи кишварҳои ИДМ

Форуми бонкдории исломӣ ва молияи кишварҳои ИДМ

14-уми марти соли 2023 дар пойтахти Ҷумҳурии Ӯзбекистон шаҳри Тошканд 3-юмин Форуми бонкдории исломӣ ва молияи кишварҳои ИДМ баргузор гардид, ки мавзӯи он омӯхтани имконоти истифоданашудаи бозори молияи исломӣ дар кишварҳои ИДМ, қабули тамоюлҳои нав, ҳалли мушкилот ва фароҳам овардани имкониятҳои ҷадид дар бахши молиявии исломии Осиёи Марказӣ мебошад. Форуми зикршударо Маркази бонкдории исломӣ ва иқтисодии “Алҳудо” (AlHuda CIBE) бо дастгирии Ассотсиатсияи бонкҳои Ӯзбекистон ташкил намуд.
Дар форум мавзӯъҳои гуногун аз он ҷумла молияи исломӣ, фарогирии молиявӣ, имкониятҳои сармоягузории FinTech, такофул ва сукук дар Осиёи Марказӣ ва минтақаи ИДМ мавриди таҳқиқу баррасӣ қарор гирифтанд. Минтақаи ИДМ дорои имконоти назарраси бонкдорӣ ва молияи исломӣ мебошад, ки бояд аз онҳо самаранок истифода бурд. Ҳадафҳои асосии ин ҳамоиш эътирофи дастовардҳои назаррас дар инфрасохтори молиявии исломии Осиёи Марказӣ ва иртиботи бахши молияи исломии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил бо бозори байналмилалии молиявӣ мебошад.
Тӯли даҳсол аст, ки Маркази бонкдории исломӣ ва иқтисодии “Алҳудо” (AlHuda CIBE) дар қисматҳои гуногуни ҷаҳон чорабиниҳои байналмилалӣ ташкил мекунад, то барои марказҳои таҳлилии ҷаҳонӣ ҷиҳати мубодилаи афкор, сохтани шабакаҳо ва пешбурди хизматрасониҳои институтсионалӣ барои таъсири иҷтимоӣ замина фароҳам оварад.
Муҳаммад Зубайр Муғал, директори Маркази бонкдории исломӣ ва иқтисодии “Алҳудо” (AlHuda CIBE) -и Аморати Муттаҳидаи Араб гуфт, ки молияи исломӣ дар кишварҳои ИДМ босуръат рушдёбанда аст ва аз молияи исломӣ на танҳо кишварҳои мусалмонӣ балки бисёре аз кишварҳои ғайриисломӣ низ баҳра мебаранд.
Боиси хурсандист, ки ҳамкорони мо низ дар ин чорабинии муҳим ширкат намуда, аз донишу малакаи устодони пуртаҷриба дар самти бонкдории исломӣ ва рушди он баҳравар гаштанд ва бо ҷоизаи «Беҳтарин саҳмгузори рушди бахши молияи исломӣ» мукофотонида шуданд.
16.03.2023

Возврат к списку

Гузоштани дархост

Дархостро пур кунед

Мо ҳатман ба Шумо занг мезанем!
  • Гурӯҳи маҳсулот
  • Зергурӯҳ
  • *Гузоштани файлҳои номбар шуда ҳатми аст!