https://www.traditionrolex.com/10
https://www.traditionrolex.com/10

Иди Саиди Фитр муборак!

Кам кам ғуруби меҳри Худо дида мешавад, Сад ҳайф з-ин бисот, ки барчида мешавад. Дар ин баҳори раҳмату ғуфрону мағфират, Хушбахт он касест, ки бахшида мешавад. Ҳамватанони азиз! Фаро расидани Иди саиди Фитрро ба якояки Шумо ва тамоми мусулмонони дунё табрик мегӯем. Ба Шумо пеш аз ҳама сиҳатмандӣ, бақои умр ва баракати рӯзгорро орзумандем. Аз Худованди маннон қабули тоат ва ибодати Шуморо хостгорем. Ин моҳи мубораке, ки сипарӣ шуд мутафовиту дигаргуна буд. Ранги дигар дошт. Рамазони имсол ҳисси ғарибӣ доштем. Канори ҳам набудем. Ҳасрати шабҳое, ки бо ҳам намози Таровеҳ мехондем ва шоҳиди издиҳоми намозгузороне мешудем, дар қалбҳо боқӣ монд. Имсол суфраҳои ифтор рангорангу такрорӣ набуд. Чун моҳи муборак бо шуюи бемории ҳамагири COVID-19, рост омад, ки мутаассифона боиси марги бисёр одамон гардид. Коронавирус сабаби марги инсонҳо шуда, беш аз он оромишро аз онҳо гирифт. Дунёро дучори бӯҳрони равонӣ сохт. Вале боиси тазаккур аст, ки ин иттифоқ бо ҳама талхиҳояш як "шириние" ҳам дошт. Ин бемори собит сохт, ки инсони туғёнгар, ки дар дунёи маҷозӣ ғарқ шудааст, чӣ қадар заифу нотавон аст. Яъне инсоният аз ҷое зарба хурд, ки фикрашро надошт. Гарчанде, ки имсол бархилофи ҳар сол дар ин Иди бузург наметавон зиёфатҳо орост, ба дидори ҳамдигар шитофт ва ба кӯдакон ҳушҳолона ҳадяҳо тақдим кард. Вале зиндагиро метавон аз зовияи дигар дид. Ҳолати коронавирус ба мо омӯхт, ки қадри якдигарро бояд донист, ба доштаҳо шукр кард ва лаҳза лаҳза фурсатҳои ҳаётро ғанимат шумурд. Бигзор Худованд фитрамонро фотир, имонамонро фохир ва руҳамонро тоҳир гардонад. Зиндагиатон мисли ин моҳи муборак зебою пурнур ва умратон амсоли он пурхайру баракат бод, Ҳамдиёрони арҷманд! Раёсати ҶСК Тавҳидбонк
22.05.2020

Возврат к списку

Гузоштани дархост

Дархостро пур кунед

Мо ҳатман ба Шумо занг мезанем!
  • Гурӯҳи маҳсулот
  • Зергурӯҳ
  • *Гузоштани файлҳои номбар шуда ҳатми аст!
https://www.traditionrolex.com/10