https://www.traditionrolex.com/10
https://www.traditionrolex.com/10

Иди Саиди Қурбон муборак!

Иди Саиди Қурбон муборак!

Ҳамватанони азиз! Қурбон, аз бузургтарин идҳои мусулмонон аст, ки ба ёди Иброҳим ва фарзандаш Исмоил хатм мешавад. Қурбон, ёдбуди беҳамтои Иброҳиму Исмоил дар баробари Парвардигор ва мӯъҷизаи бебадали саховату меҳрубонии зоти Ҳақ мебошад. Яъне ин ид, иди бандагӣ ва нуқтаи оғози он итоати маҳзи ҳазрати Иброҳим аз фармони Парвардигор ва таслим шудани ҳазрати Исмоил нисбат ба амри Худованд аст. Азҳо, ҷашни раҳоӣ аз асорати нафс, шукуфоии имону яқин, ҷашни сарсупурдагию бандагист. Ҳамдиёрони гиромӣ! Бо камоли эҳтиром фаро расидани ин иди бузург, иди танинандоз шудани навои итоат, дурахшиши зеботарин ҷилваҳои бандагӣ дар баробари холиқи якторо, ба якояки Шумо самимона табрик мегӯем. Ба Шумо ҷуръату сарбаландии Иброҳим тоқату тамкини Исмоил, умедвории Ҳоҷар, атри арафа ва хайру баракати иди бузурги Қурбонро таманно дорем. Зиндагиятон ба зебогии гулистони Иброҳим ва покии чашмаи замзам мусаффо бод. Иди қурбон намоди бузургтарин ҷашни раҳоии инсон аз васвасаи шайтон, иди имону имтиҳон, иди ийсору эҳсон, иди қурбату қурбон, иди Халили Раҳмон, иди шикасти шайтон бар Хонаводаи мӯҳтараматон муборак бод. Бигзор Худованди мутаъол ибодат ва қурбониҳои ҳамаи Шуморо қабул фармояд ва мушкилоти иқтисодии боқимондаро дар кишвари азизамон бартараф созад. Ва бошад, ки ғамҳоятон, қурбони шодиҳоятон шаванд. Раёсати ҶСК “Тавҳидбонк”
30.07.2020

Возврат к списку

Гузоштани дархост

Дархостро пур кунед

Мо ҳатман ба Шумо занг мезанем!
  • Гурӯҳи маҳсулот
  • Зергурӯҳ
  • *Гузоштани файлҳои номбар шуда ҳатми аст!
https://www.traditionrolex.com/10