https://www.traditionrolex.com/10
https://www.traditionrolex.com/10

Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон муборак!

Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон муборак!

Ҳамватанони гиромӣ

Истиқлол ва ғурури миллӣ ду вожаи мутародифи ҳамдигаранд, ки яке бидуни дигаре маъно нахоҳад  дошт. Миллате, ки  истиқлол ва  ғурури миллии хешро аз даст дод, ҳуввияти худро низ аз даст хоҳад дод.Истиқлол бунёд, ҳастӣ ва  пойдории  ҳар як миллат аст.

Гавҳари амният дар садафи қудратмандии миллат шакл мегирад.

Бар ҳамин асос метавон гуфт, ки истиқлол яъне доштани қудрат,ҳокимият ва давлат мебошад. Яъне Истиқлолият муҳимтарин унсури қудратмандии мост. Мояи иқтидор ва ифтихори ҳар як тоҷику тоҷикистонист. Истиқлолияти Тоҷистон аз арзишҳои мусаллами миллат, омили иззат ва шарафмандию сарбаландии ҳар яки мо тоҷикон аст, ки  онро метавон бузургтарин дастоварди миллат унвон кард.  

Истиқлолият   замоне устувор  хоҳад буд, ки мо чун ҳамеша як миллати воҳид, якпорча,огоҳ,  бедор  ва ҳушёр бошем, барои ободӣ, созандагӣ, бунёдкорӣ ва таҳкими ин неъмати бебаҳо талош варзем, сулҳталабӣ ва истиқлолхоҳиро муҳимтарин ҳадаф ва фалсафаи зиндагии хеш қарор диҳем ва  даст ба дасти ҳамдигар давлату миллати худро  пос дорем.

Ҳамватанони азиз, ин ҷашни бошукӯҳро  бори дигар ба ҳамаи Шумо, табрик мегӯем ва барои якояки шумо, тавҳид, тавфиқ, тақвият, тандурустӣ  ва таҳкими ҳуввияти миллиро аз  даргоҳи Худованди пок таманно дорем.

Раёсати ҶСК Тавҳидбонк
08.09.2020

Возврат к списку

Гузоштани дархост

Дархостро пур кунед

Мо ҳатман ба Шумо занг мезанем!
  • Гурӯҳи маҳсулот
  • Зергурӯҳ
  • *Гузоштани файлҳои номбар шуда ҳатми аст!
https://www.traditionrolex.com/10