https://www.traditionrolex.com/10
https://www.traditionrolex.com/10

Конститутсия (Сарқонун)  ифодагари ҳастии миллат ва иқтидори давлат.

Конститутсия (Сарқонун) ифодагари ҳастии миллат ва иқтидори давлат.

Конститутсия (Сарқонун) ифодагари ҳастии миллат ва иқтидори давлат.
Имрӯз бахшида ба 27-умин солгарди Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҶСК “Тавҳидбонк” ҷамъомади тантанавӣ баргузор шуд.
Танинандоз гардидани суруди миллӣ оғози чорабинӣ ва ифтитоҳи ҷамъомади пурмӯҳтавои ҳамкорони мо шуд.
Нахуст Роҳбарияти Бонк ҳамагонро бо фарорасии ин ҷашни пуршукӯҳ табрику таҳният намуда, оиди мафҳуму моҳият ва гиромидошти ин санади тақдирсоз ибрози назар намуданд.
Имрӯз бо боварӣ гуфта метавонем, ки конститутсияи мо як санади ҳуқуқии мукаммал, ҷавобгӯи манфиатҳои давлатӣ ва миллии тоҷикон маҳсуб меёбад. Беҳуда нест, ки он яке аз панҷгонаи Конуститутсияҳои беҳтарини ҷаҳон эътироф гардидааст тазаккур доданд, Сардори хадамоти ҳуқуқ, Лалбеков П.
Ҳуқуқшинос-маслиҳатчии хадамоти ҳуқуқ, Садирдинова Райҳонгул оиди пайдоиш ва ташаккули санади мазкур баромад карда, ҳамагонро бо таъриху тасвиби он огоҳ сохт.
Сипас Сардори бахши муросилотӣ Тагаева Гулнора маърӯзаи хешро дар мавзӯи “Дастовардҳои низоми бонкии кишвар пас аз тасвиби Контитутсияи Ҷумҳурӣ” пешкаши ҳозирин гардонид.
Воқеан Конститутсия (Сарқонун) дастоварди бузурги мардуми Тоҷикистон ва заминаи ҳуқуқии бунёди давлати тозабунёд ва соҳибистиқлоли тоҷикон мебошад. Ин санади муҳим қонуни асосии Ҷумҳурии Тоҷикистон, асосҳои сохтори конститутсионӣ, ҳуқуқ, озодӣ, вазифаҳои асосии инсон ва тартиби ташкили ҳокимияти давлатиро муайян мекунад.
Ҳамин тавр Котиби корпоративии Бонк Рабиева Галия Рабиевна низ аз таҷрибаи бою пурғановати хеш оиди раванди таҳиясозӣ, музокираҳо ва тартиби таҳияи ин санади ҳуқуқии мукаммал далелу маълумотҳои зиёди таърихӣ овард, ки барои аксарият тозаю хотирмон буд.
Дар охир Раиси Раёсат бо баромади мукаммали хеш бори дигар ба кормандон таъкид намуданд, ки ба қадри зарра-зарра хоки ватан бояд расид, аз истиқлолияти комили меҳани азизамон шукргузор бояд буд ва аз вуҷуди чунин санади устувор ифтихор бояд кард.
Зеро Конститутсияи кишвар ваҳдати миллии тоҷиконро тақвият бахшид, баҳри сохтани ҷомеаи воқеан ҳам ҳуқуқбунёд, демократӣ, дунявӣ, ягона ва иҷтимоӣ заминаи асоси гузошт ва давлату миллати тоҷикро дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ намуд.
04.11.2021

Возврат к списку

Гузоштани дархост

Дархостро пур кунед

Мо ҳатман ба Шумо занг мезанем!
  • Гурӯҳи маҳсулот
  • Зергурӯҳ
  • *Гузоштани файлҳои номбар шуда ҳатми аст!
https://www.traditionrolex.com/10