https://www.traditionrolex.com/10
https://www.traditionrolex.com/10

Меъмори қалбҳо

Меъмори қалбҳо

Ҳар киро устод набвад, кор бар бунёд нест, Дар раҳи маънӣ рафиқе беҳтар аз устод нест. Устод ҳамчу борон бар замини хушки андешаҳо меборад, инсонро аз зулмату ҷаҳлу нодонӣ наҷот мебахшад. Гулҳои илмро дар гулистони вуҷуд мепарварад ва шаҳди ширини донишро ба коми ташнагони илм мерезад. Воқеан устод ситорапардоз аст, ситораҳоро нақш мебандад, ҷило медиҳад ва дар осмони зиндагӣ раҳо месозад. Роҳбарият ва ҳайати кормандони ҶСК “Тавҳидбонк” тамоми устодону омӯзгоронро бо ин рӯзи саид, рӯзи гиромидошти илму маърифат ва хираду ақлу андеша, яъне Рӯзи муаллимон табрику таҳният намуда, ба онҳо саодати зиндагӣ, сарбаландӣ ва хушии рӯзгорро таманно дорад. Идатон муборак, муаллимони азиз!
05.10.2021

Возврат к списку

Гузоштани дархост

Дархостро пур кунед

Мо ҳатман ба Шумо занг мезанем!
  • Гурӯҳи маҳсулот
  • Зергурӯҳ
  • *Гузоштани файлҳои номбар шуда ҳатми аст!
https://www.traditionrolex.com/10