Ҷойи кори холӣ

Ҷойи кори холӣ

ҶСК "Тавҳидбонк"
Барои ишғоли вазифаи холии зерин озмун эълон менамояд.

Дар шаҳри Бохтар:
Ҳуқуқшинос (1 ҷой);

Талабот нисбати довталаб:
Ҳуқуқшинос:

- дорои маълумоти олии ҳуқуқшиносӣ;
- синну сол аз 25 то 35 сола;
- собиқаи корӣ на камтар аз 3 сол, ҳамчун ҳуқуқшинос дар самти фаъолияти ҳуҷҷатгузории ҳуқуқӣ, молиявӣ, иқтисодӣ, намояндаги дар суд, мақомотҳои қудратӣ, давлатӣ ва ғайридавлатӣ;
- донистани санадҳои меъёрии ҳуқуқии Бонки миллии Тоҷикистон ва қонунгузории бонкӣ;
- қобилияти дар сатҳи баланд таҳияи ҳуҷҷатҳои дохилӣ, лоиҳаи ҳамаи намуди аҳдҳо, омода намудани иддао ва аризаҳои даъвогӣ;
- қобилияти кор кардан дар гурӯҳ;
- муносибати кушоду равшан ба масъалаҳои гузошташуда ва қобилияти саривақт иҷро намудани онҳо;
- малакаи касбии кор бо компютер MS Office (Word, Excel, MFSys);
- қобилияти таҳлиливу хулосабарорӣ;
- ҳиссиёти баланди масъулиятнокӣ;
- муносибати содиқона нисбати кормандон;
- донистани забонҳои давлатӣ (тоҷикӣ) ва русӣ ҳатмӣ, забони англисӣ афзалият дорад;
Хоҳишмандон метавонанд Маълумотномаи худро (бо расм) ба почтаи электронии m.burieva@tawhidbank.tj ба суроғаи ш. Душанбе, кӯчаи Айни, 4/1 ирсол намоянд.
19.05.2023

Возврат к списку

Гузоштани дархост

Дархостро пур кунед

Мо ҳатман ба Шумо занг мезанем!
  • Гурӯҳи маҳсулот
  • Зергурӯҳ
  • *Гузоштани файлҳои номбар шуда ҳатми аст!