Семинари омӯзишӣ бо донишҷӯёни Академияи идоракунии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Семинари омӯзишӣ бо донишҷӯёни Академияи идоракунии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҷиҳати ба роҳ мондани ҳамкорҳои мутақобила санаи 28 ноябри соли 2022 барои донишҷӯёни Академияи идоракунии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҶСК “Тавҳидбонк” семинари омӯзишӣ гузаронида шуд.
Семинари мазкурро бо сухани ифтитоҳӣ Раиси Раёсати Бонк Зардов Ш. Д. оғоз намуда, дар бораи бонкдории исломӣ, татбиқи ин низоми бонкдорӣ дар кишвар ва фаъолияту дастовардҳои Тавҳидбонк – нахустин бонки исломӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон суханронӣ намуд. Баъдан аз ҷониби Ташрифов М. С. – мушовири Раиси Раёсат оид ба рушди стратегӣ, доир ба мавзӯи “Вазъи макроиқтисодӣ ва чолишҳои молиявӣ – бонкӣ” ва Самадов Д. А. – сардори Идораи маблағгузории исломӣ оид ба мавзӯии “Бонкдории исломӣ ва татбиқи он дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” семинарҳои омӯзишӣ гузаронида шуд.
Дар семинари омӯзишӣ 40 нафар донишҷӯёни Академияи идоракунии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуданд. Муҳокимаи мавзӯҳои мазкур аз ҷониби донишҷӯён аз он далолат мекунад, ки шавқу рағбати онҳо нисбати бонкдории исломӣ хеле баланд аст.
30.11.2022

Возврат к списку

Гузоштани дархост

Дархостро пур кунед

Мо ҳатман ба Шумо занг мезанем!
  • Гурӯҳи маҳсулот
  • Зергурӯҳ
  • *Гузоштани файлҳои номбар шуда ҳатми аст!