ҶСК “Тавҳидбонк” барои ишғоли вазифаҳои кории зерин озмун эълон менамояд:

ҶСК “Тавҳидбонк” барои ишғоли вазифаҳои кории зерин озмун эълон менамояд:

ҶСК “Тавҳидбонк” барои ишғоли вазифаҳои кории зерин озмун эълон менамояд:

I. “Сардори Идораи фурӯш”

Вазифаҳои асосӣ:

• Таҳияи нақшаи фурӯш;
• Пайдо намудани шарикони эҳтимолӣ;
• Мониторинг ва иҷроиши нақшаҳо;
• Омода намудани ҳисоботҳо оиди бозори хизматрасониҳои бонкӣ;
• Рушди сохтори фурӯши маҳсулоти бонкӣ.

Талаботҳо:
• Доштани маълумоти олӣ;
• Таҷрибаи корӣ дар идоракунии фурӯш дар бонк (на кам аз 5 сол, сардори: Идора, Шӯъбаи карзӣ, Филиал ва ғайра);
• Доштани маълумот ва малака дар фурӯши маҳсулоти бонкӣ (қарздиҳӣ, интиқол ва дигар хизматрасониҳо);
• Маҳорати баланди таҳлилӣ, суханрони ва бурдани гуфтушунидҳо.

II. “Менеҷери минтақавӣ”

Вазифаҳои асосӣ:

• Таҳияи нақшаи фурӯш;
• Мониторинг ва иҷроиши нақшаҳо;
• Таҳлили маҳсулотҳои ба бозор пешниҳодшаванда дар минтақа ва муаяйян намудани паҳлуҳои мусбиву манфии онҳо;
• Рушди сохтори фурӯши маҳсулоти бонкӣ;
• Омода намудани ҳисоботҳо оиди бозори хизматрасониҳои бонкӣ дар минтақа;
Талаботҳо:
• Доштани маълумоти олӣ;
• Таҷриба дар идоракунии фурӯш дар бонк (на кам аз 3 сол, сардори: Идора, Шӯъбаи карзӣ, Филиал ва ғайра);
• Доштани маълумот ва малака дар фурӯши маҳсулоти бонкӣ (қарздиҳӣ, интиқол ва дигар хизматрасониҳо);
• Маҳорати баланди таҳлилӣ, суханрони ва бурдани гуфтушунидҳо.

III. «Менеҷер оид ба ҷалби сармоягузорӣ»
Вазифаҳои асосӣ:
• Ҷустуҷӯи сармоягузорони эҳтимолӣ аз хориҷа ва дохили ҷумҳурӣ;
• Бурдани гуфтушунид бо шарикони байналмиллалӣ ва дохилӣ;
• Ташкил ва бурдани вохӯриҳо бо шарикон барои ҷалби сармоягузорӣ;
• Муҳокимаи шартҳои сармоягузорӣ бо Роҳбарият ва шарикон;
• Иштирок дар таҳия ва бурдани раванди шартномаи сармоягузорӣ;
• Босифат ва самаранок муаррифӣ намудани Бонк дар бозорҳои байналмиллалии сармоягузорӣ.
Талаботҳо:
• Доштани маълумоти олӣ (кори бонкӣ, молия ва қарз, иқтисодиёти байналмиллалӣ);
• Таҷрибаи корӣ дар соҳаи бонкӣ на кам аз 5 сол;
• Таҷриба дар кори сармоягузорӣ бартарӣ хоҳад дошт;
• Донистани забони англисӣ ва русӣ барои муоширати озодона (хаттӣ ва даҳонӣ);
• Малакаи бурдани гуфтушунидҳо ва коммуникатсияи корӣ;

Хоҳишмандон метавонанд Маълумотномаи худро (бо расм) ба почтаи электронии m.burieva@tawhidbank.tj, ва ё ба суроғаи ш. Душанбе, кӯчаи С. Айни 4/1 ирсол намоянд.
Барои маълумоти муфассал тел: +992 (44) 600 47 77
Мӯҳлати қабули ҳуҷҷатҳо то 14.03. 2023с.
* Номзадҳои ба талаботҳо ҷавобгӯй барои даври минбаъдаи озмун даъват карда мешаванд.
03.03.2023

Возврат к списку

Гузоштани дархост

Дархостро пур кунед

Мо ҳатман ба Шумо занг мезанем!
  • Гурӯҳи маҳсулот
  • Зергурӯҳ
  • *Гузоштани файлҳои номбар шуда ҳатми аст!