Тақдими  сертификатҳои байналмилалӣ

Тақдими сертификатҳои байналмилалӣ

Дар доираи ҳамкориҳои дуҷониба байни Бонки миллии Тоҷикистон ва Бонки Осиёии Рушд (БОР) аз ҷониби ширкати машваратии IFAAS аз санаи 29 - июни соли 2021 то санаи 5-уми ноябри 2021 барои мутахассисони Бонки миллии Тоҷикистон, ва ташкилотҳои қарзии молиявӣ курсҳои фосилавӣ (online) ташкил карда шуд.
Иштирокчиёни фаъоле, ки курсҳои омӯзиширо бо муваффақият хатм намуданд, соҳиби сертификатҳои байналмилалӣ гарданд.
Қайд кардан ба маврид аст, ки семинарҳои омӯзишии баргузоргардида мавзӯҳои зеринро дарбар гирифта, ҷиҳати пешрафти низоми бонкдории исломӣ бениҳоят муҳим мебошанд:
 бонкдории исломӣ, маблағгузории хурд ва лизинг;
 такафул (суғуртаи исломӣ);
 сукук (вомбаргҳои исломӣ);
 баҳисобгирии муҳосибӣ;
 идоракунии корпоративӣ тибқи принсипҳои маблағгузории исломӣ;
 андозбандӣ;
 идоракунии хавфҳо;
 сохтори сиёсати молияи исломӣ;
 идоракунии пардохтпазирӣ.
Ҳамзамон, бояд тазаккур дод, ки санаи 01 – уми июли соли ҷорӣ аз ҷониби Муовини Раиси Бонки миллии Тоҷикистон - Толибзода Фирдавс Назирмад ва директори ширкати байналмилалии машваратии IFAAS – Моҳаммад Фаррух Раза сертификатҳо ба мутахассисони низоми бонкии кишвар супорида шуданд.
Дар курсҳои мазкур зиёда аз 40 -нафар мутахассисони ҶСК “Тавҳидбонк фаъолона иштирок намуда, 15 - нафари онҳо муваффақ гардиданд, ки аз 5 то 10 сертификати байналмилалиро ба даст оранд.
04.07.2022

Возврат к списку

Гузоштани дархост

Дархостро пур кунед

Мо ҳатман ба Шумо занг мезанем!
  • Гурӯҳи маҳсулот
  • Зергурӯҳ
  • *Гузоштани файлҳои номбар шуда ҳатми аст!