https://www.traditionrolex.com/10
https://www.traditionrolex.com/10

Тақдими тӯҳфаҳои Тавҳидбонк.

Тақдими тӯҳфаҳои Тавҳидбонк.

Ҳудуди ду сол пеш хушхабаре расид, ки воқеан дар ҷомеаи мо арзишманду лоиқи дастгирӣ буд. Ифтитоҳи Аввалин бонки исломии кишвар ҶСК “Тавҳидбонк” барои дастгирии мардуми тоҷик ва тавсеаи низоми бонкии ватани азизамон падидаи тозаю ҷадид буд, ки мавриди таваҷҷӯҳи аксари мардум қарор гирифт. Инак бо гузашти 2-сол аллакай қисми зиёди одамон оиди маҳсулот ва хизматрасониҳои низоми бонкдории исломӣ огаҳӣ пайдо карданд. Ва ҳамарӯза муштариёни зиёде ба Тавҳидбонк ташриф меоранду аз хизматрасониҳои бонкдории бидуни рибо истифода мекунанд. Тӯли 2-сол Тавҳидбонк тавонист, ки аксари аҳдҳои бонкдории исломӣ аз он ҷумла Музораба, Муробаҳа, Муробаҳа-Авто, Муробаҳаи истеъмолӣ, Муробаҳа – масолеҳи сохтмонӣ, Муробаҳа-мебел ва ғайраро дар ҷомеа муаррифӣ карда, дар амал татбиқ намояд. Имрӯзҳо дар Бонк даҳҳо аҳдҳои низоми бонкии исломӣ баста мешавад, муштариён низ хеле бисёранд. Вале нафароне, ки аввалин шуда, бо мо ҳамкориро оғоз кардаанд ҳеҷ гоҳ фаромӯш нахоҳанд шуд. Имрӯз бо супориши Роҳбарияти бонк аввалин муштариёни мо: 1. Ташрифов Маҳмадюсуф Сангинмуродович, аввалин муштарие, ки бо ҶСК “Тавҳидбонк” қарордоди Музорабаро бо асъори хориҷӣ ба имзо расонид; 2. Каримов Бахтиёр, аввалин муштарие, ки бо ҶСК “Тавҳидбонк” қарордоди Муробаҳаи истеъмолиро ба имзо расонид; 3. Ҳалимов Маъруф Ҷумахонович, барои гирифтани аввалин автомашина тавассути аҳди Муробаҳа-Авто. 4. ҶДММ “Смарт Групп”,барои ба имзо расонидани аввалин аҳди Муробаҳа-тиҷорат ба бонк даъват шуда, бо сипосномаҳо ва тӯҳфаҳои хотиравӣ аз ҷониби роҳбарияти ҶСК “Тавҳидбонк”сарфароз гардонида шуданд.
13.10.2021

Возврат к списку

Гузоштани дархост

Дархостро пур кунед

Мо ҳатман ба Шумо занг мезанем!
  • Гурӯҳи маҳсулот
  • Зергурӯҳ
  • *Гузоштани файлҳои номбар шуда ҳатми аст!
https://www.traditionrolex.com/10