Таҷлили рӯзи байналмилалии ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон

Таҷлили рӯзи байналмилалии ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон

«Рӯзи умумиҷаҳонии ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон» аввалин маротиба 15 марти соли 1983 ҳамчун ҷашн ба тақвими байналмилалии санаҳои ҷашнӣ ворид гардид. Баъдан, 9 апрели соли 1985 Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид эъломияро таҳти унвони «Асосҳои роҳбарӣ барои ҳимояи ҳуқуқҳои истеъмолкунандагон» қабул намуд. Тибқи Эъломия санаи 15 мартро расман «Рӯзи умумиҷаҳонии ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон» дар ҷаҳон эълон доштанд.
Дар кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, аз ҷумла дар Ҷумҳурии Тоҷикистон низ ҳамасола 15-уми март «Рўзи умумиҷаҳонии ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон» таҷлил карда мешавад.
Дар робита ба ҳифз ва ҳимояи ҳуқуқҳои истеъмолкунандагони кишвар дар партави дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон корҳои зиёде ба анҷом расонида шудаанд.
Қайд кардан зарур аст, ки ҳанӯз 15 майи соли 1997 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон» қабул гардида буд. Сипас, Қонуни мазкур дар таҳрири нав 9-уми декабри соли 2004 мавриди амал гашт, ки он муносибатҳои байни истеъмолкунандагон ва истеҳсолкунандагон, иҷрокунандагон, фурӯшандагонро ҳангоми фурӯши мол (иҷрои кор, хизматрасонӣ) ба танзим дароварда, ҳуқуқи истеъмолкунандагонро ҳангоми хариди моли дорои сифати муносиб ва барои ҳаёту саломатии истеъмолкунандагон бехатар, гирифтани маълумот оид ба мол ва истеҳсолкунандагони (иҷрокунандагони, фурӯшандагони) он, ҳимояи давлатӣ ва ҷамъиятии манфиати онҳоро муқаррар ва тарзи татбиқи ин ҳуқуқҳоро муайян мекунад.
Таҷлили ин сана дар Тоҷикистон ба тарғиби ҳуқуқҳои истеъмолкунандагон, баланд бардоштани салиқа ва раванди маҳсулот ва молинтихобкунии шаҳрвандон марбут аст, то ки онҳо зимни харидории молу маҳсулот аз ҳуқуқҳои худ ҳамчун харидор, дар сурати нуқсдор баромадани маҳсулот дифоъ карда тавонанд.
Тибқи моддаи 3 Қонуни зикргардида истеъмолкунанда ба маърифатнокӣ дар соҳаи ҳимояи ҳуқуқҳои истеъмолкунандагон, маълумот доир ба мол (кор, хизматрасониҳо) ва ҳамчунин доир ба истеҳсолкунандагон (иҷрокунандагон, фурўшандагон)-и он, бехатарии мол (кор, хизматрасонӣ), интихоби озоди мол (кор, хизматрасонӣ), сифати муносиби мол (кор, хизматрасонӣ), ҷуброни пурраи зараре, ки бинобар нуқсони мол (кор, хизматрасонӣ) расидааст, ба суд ва дигар мақомоти ваколатдори давлатӣ барои ҳимояи ҳуқуқ манфиатҳои худ муроҷиат намояд, ба таъсис додани иттиҳодияҳои ҷамъиятии истеъмолкунандагон, пешниҳод кардани таклифу дархостҳо оид ба беҳтар кардани сифати мол (кор, хизматрасонӣ) ба истеҳсолкунанда (фурўшанда) ҳуқуқ дорад.
“Истеъмолкунанда ҳуқуқ дорад аз воситаҳои ахбори умум дар бораи моле (коре, хизматрасоние), ки барои ҳаёт, саломатӣ, амвол ва муҳити зист хавфу хатар дорад, аз ҳисоби фурўшанда (истеҳсолкунанда, иҷрокунанда) иттилоот дошта бошад” (моддаи 9 Қонун «Дар бораи ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон»)
Дар қонунгузориии соҳавӣ низ ба ин масъала диққати ҷиддӣ дода шудааст. Масалан, моддаи 61 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи фаъолияти бонкии исломӣ” махсусан ба ҳимояи манфиатҳои муштариён бахшида шудааст.
Вобаста ба ин, муносибати муштариён бо Бонк дар асоси шартнома сурат мегирад. Пеш аз оғози хизматрасониҳо кормандони Бонк ба муштариён ҳатман дар бораи талаботи зикргардида, аз ҷумла дар бораи ҳаққи хизмат, меъёри фоида ва дигар хароҷоти иловагии муштарӣ хабар медиҳанд.
Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ дар интихоби Бонк озод мебошанд ва метавонанд дар як ё якчанд Бонкҳо суратҳисоби бонкии худро кушоянд.
Бонк бо талаби аввалини муштарӣ дар бораи доштани иҷозатнома, тартиби гузаронидани амалиёти бонкии исломӣ, дар бораи хавф ва хароҷоти имконпазир, ки бо гузаронидани амалиёт алоқаманданд, инчунин оид ба тавозуни муҳосибавӣ, ҳисобот дар бораи фоида, зиён ва хулосаи аудитории соли гузашта маълумот медиҳад.
Дар робита ба ин, ба маълумоти муштариён расонида шудааст, ки дар мавриди дучор омадан бо камбудию нуқсонҳо ҳангоми истифода аз ин ё он хизматрасониҳои бонкӣ, метавонанд арзу шикоятҳои худро бевосита ба Раиси Раёсати Бонк, тариқи почтаи электронии махсус ки дар сомонаи Бонк кушода шудааст (Тawhidbank.tj) ё ба маркази тамос ирсол намоянд. Мутахассисони Бонк тамоми кӯшишу ғайрати худро ба он равона хоҳанд кард, ки дархост ва арзу шикоятҳои муштариёнро тибқи талаботҳои қонунгузорӣ мунсифона ҳаллу фасл намоянд.
Дар ҳаёти рӯзмарра ҳамаи мо истеъмолкунанда мебошем ва барои эҳтиёҷи маъмулӣ ғизо ва дигар молу ашё мехарем. Ба касе пӯшида нест, ки дар кишварамон бисёр одамон то ҳол ҳуқуқҳои худро ҳамчун истеъмолкунанда намедонанд. Ҳадафи қонун «Дар бораи ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон» пешгирии қонунвайронкуниҳо ва нақзи ҳуқуқи истеъмолкунандаҳо буда, он меъёрҳои ҳуқуқии муносибати байни истеъмолкунанда ва фурӯшанда ва истеҳсолкунандаи молро муайян месозад. Ва яке аз вазифаҳои асосии кормандони Бонк ба аҳолӣ фаҳмондани ҳуқуқҳои истеъмолкунандагон аст.
Қайд кардан ба маврид аст, ки кормандони Тавҳидбонк барои дар амал ҷорӣ намудани қонунҳои амалкунандаи ҷумҳурӣ оид ба ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон ҳамеша ҷидду ҷаҳд дошта, риоя гаштани ҳуқуқҳои муштариёнро зери назари худ қарор додаанд.


14.03.2023
27.03.2023

Возврат к списку

Гузоштани дархост

Дархостро пур кунед

Мо ҳатман ба Шумо занг мезанем!
  • Гурӯҳи маҳсулот
  • Зергурӯҳ
  • *Гузоштани файлҳои номбар шуда ҳатми аст!