https://www.traditionrolex.com/10
https://www.traditionrolex.com/10

Таҷлили “Рӯзи умумиҷаҳонии пасандоз” «WORLD SAVING DAY 2021»  бо  Тавҳидбонк.

Таҷлили “Рӯзи умумиҷаҳонии пасандоз” «WORLD SAVING DAY 2021» бо Тавҳидбонк.

Таҷлили “Рӯзи умумиҷаҳонии пасандоз” «WORLD SAVING DAY 2021» бо Тавҳидбонк.
Муштариёни азиз. Рӯзи умумиҷаҳонии пасандоз ҳамчун рӯзи сарфаҷӯӣ ва истифодаи сарфакоронаи маблағҳо барои мардуми саросари ҷаҳон эълон гардида, ҳамасола дар тамоми дунё ҷашн гирифта мешавад.
Ҳамкорони мо низ имрӯз бахшида ба “Рӯзи умумиҷаҳонии пасандоз” (World Savings Day) ба ноҳияи Рӯдакӣ, ба Гимназияи тоҷикӣ – русии ба номи А. С. Пушкин сафар доштанд. Зимни вохурӣ бо омӯзгорону мактаббачагони гимназияи мазкур мутахссисони ҶСК “Тавҳидбонк” Самадов Д., Раҳимов М., Бобоев Б. ва дигарон оид ба мафҳуму моҳияти пасандоз кардани пул ва сарфакории он ба хотири фардо, маърӯзаҳои муҳиму пурмуҳтаво пешниҳод намуданд. Ва иброз доштанд, ки мардуми мо бояд ба таълими молиявии ҷавонон таваҷҷуҳи зиёд зоҳир намояд, зеро муносибат ба пулро аз хурдӣ тарбия кардан зарур аст. Ва шахсоне, ки қаблан ба пасандозкунӣ шурӯъ мекунанд, дар оянда метавонанд маблағҳои ҷамъшударо ҳамчун сармояи асосӣ барои мустақилияти молиявии худ истифода баранд.
Дар охири чорабинӣ миёни кормандони бонки исломӣ ва хонандагон саволу ҷавоби ҷолибу хотирмон сурат гирифта, донишомӯзони гимназия бо тӯҳфаҳои хотиравии ҶСК “Тавҳидбонк” сарфароз гардонида шуданд.
Рӯзи умумиҷаҳонии пасандоз бозтоби ояндаи дурахшони Шумо ва фарзандони шумост!
29.10.2021

Возврат к списку

Гузоштани дархост

Дархостро пур кунед

Мо ҳатман ба Шумо занг мезанем!
  • Гурӯҳи маҳсулот
  • Зергурӯҳ
  • *Гузоштани файлҳои номбар шуда ҳатми аст!
https://www.traditionrolex.com/10