https://www.traditionrolex.com/10

Бо мақсади амали намудани талаботҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои байналмилалӣ дар самти МҚД/МТ ва МПСҚО дар ҶСК “Тавҳидбонк” бо Фармони Раиси Раёсат Хадамоти мониторинги молиявӣ ва компаленс таъсис дода шуд, ки доир ба  роҳ мондани фаъолияти бонк дар самти МҚД/МТ ва МПСҚО сохтори масъул мебошад.
Вазифаҳои асосии Хадамот ин ҷамъоварӣ, назорат, таҳлил ва мониторинги амалиёт  (аҳдҳо) бо маблағҳои пулӣ ва дигар молу мулк, ташкили пойгоҳи маълумотӣ, танзими мутобиқатии амалиётҳои гузаронидашаванда, пешниҳоди маълумот оид ба амалиётҳои ҳатман назоратшаванда ва шубҳанок ба мақоми ваколатдор (Департаменти мониторинги молиявӣ дар назди Бонки миллии Тоҷикистон) ва омодаю пешниҳод  намудани ҷавобҳои дахлдор ба мақомоти ваколатдор ва дахлдор мебошад.
Дар доираи гузаронидани мониторинги гардиши амалиёт (аҳдҳо) бо маблағҳои пулӣ ва дигар молу мулк аз рӯи суратҳисоби мизоҷон назорати фаъолияти ҳамагуна амалиётҳои оддӣ ва шубҳанок, ки ба фаъолият ва хусусияти кории мизоҷ ва эҳтиёҷоти он (назорати амалиёти ҳаҷман калон, интиқоли маблағҳои пулӣ ба суратҳисобҳо ва ғ.) ягон мутобиқати надоранд, гузаронида мешаванд.
Бо мақсади иҷроиши корҳои дар боло дарҷгардида ва амали намудани талаботҳои қонуну санадҳои меъёрии ҳуқуқии ин ҷода Қоидаҳои назорати дохилӣ бо мақсади МҚД/МТ ва МПСҚО дар ҶСК “Тавҳидбонк” таҳия ва қабул гардид.  
Директивҳои асосии МҚД/МТ ва МПСҚО дар бонк инҳо  мебошанд:
- муайянкунӣ ва тафтиши мушаххасоти шахсияти мизоҷ ва молик – бенефитсиар;
- гузаронидани мушаххасоти мизоҷ аз рӯи усули «Муштарии худро шинос»;
- мониторинг ва таҳлили амалиёт (аҳдҳо) бо маблағҳои пулӣ ва дигар молу мулк;
- ҷамъоварӣ ва нигоҳдории маълумотҳо оиди муштарӣ ва  амалиёт (аҳдҳо) бо маблағҳои пулӣ ва дигар молу мулк;
- ташкили пойгоҳи маълумотӣ оид ба шахсоне, ки ба терроризм  алоқамандӣ доранд;
- муайянкунии дараҷаи хавфи софкории пул ва мабалғгузории терроризм;
- воқифкунии роҳбарияти бонк;
- ташкили тартиби кирои кормандон;
- ташкили талаботҳои соҳавӣ барои омода ва омӯзиши кормандон ва гузаронидани семинару омӯзишҳо ба кормандон;
- коркарди тартиби аудити дохилӣ барои тафтиши чораҳо дар самти МҚД/МТ ва МПСҚО

Қонунгузор

-Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом” №684 аз 25.03.2011с.;
-Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон» №722 аз  28.06.2011с.;
-Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти бонкӣ» №524 аз 19.05.2009с.;
-Қонуни Ҷумҳурии  Тоҷикистон "Дар бораи  бонкдории исломӣ"
-Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими асъор ва назорати асъор» №964 аз  13.06.2013с.;
-Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди терроризм» №845 аз 16.11.1999с.;
-Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон
-Кодекси ҳуқуқвайронкуни маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Гузоштани дархост

Дархостро пур кунед

Мо ҳатман ба Шумо занг мезанем!
  • Гурӯҳи маҳсулот
  • Зергурӯҳ
  • *Гузоштани файлҳои номбар шуда ҳатми аст!
https://www.traditionrolex.com/10