https://www.traditionrolex.com/10
https://www.traditionrolex.com/10

Эҳтиром ба парчам эҳтиром ба миллат аст.

Эҳтиром ба парчам эҳтиром ба миллат аст.

Имрӯз соати 10:00 дар бинои ҶСК “Тавҳидбонк” бо иштироки Роҳбарият ва ҳайати кормандон, бахшида ба Рӯзи парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар мавзӯи “Парчами миллӣ - рамзи озодии миллат” ҷамъомади тантанавӣ баргузор гардид. Ҷамъомадро Раиси Раёсати ҶСК “Тавҳидбонк” муҳтарам Зардов Ш.Д. ҳусни оғоз бахшида иброз доштанд, ки ки парчам таҷассумгари ҳуввияти миллӣ, ифтихори миллӣ ва рамзи соҳибистиқлолии давлату миллати тоҷик аст ва моро зарур аст, ки аз арзиш ва гиромидошти он бархурдор бошем. Бори дигар таъкид шуд,ки дар як давраи ниҳоят ҳассос бо заҳмату ҷонгудозиҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Иҷлосияи таърихии 16-уми Шӯрои Олии Тоҷикистон Парчами давлатии Тоҷикистон - чун рамзи давлатдории навини тоҷикон кабул гардидааст. Ҳамчунин Сардори Хадамоти ҳуқуқ муҳтарам Лалбеков П.Қ. баромад намуда,оиди таърихи парчам дар давраҳои гуногун ва Қонун дар бораи рамзҳои давлатӣ аз он чумла Парчами миллӣ ба кормандон маълумот доданд. Баргузории чорабинии мазкур бори дигар собит сохт,ки гиромидошти муқаддасоти миллӣ мӯҷиби иттиҳоду ҳамбастагии миллат аст ва арҷгузорӣ ба Парчами миллӣ арҷгузорӣ ба озодӣ,ободӣ,иттиҳод ва ғурури миллист.
24.11.2020

Возврат к списку

Гузоштани дархост

Дархостро пур кунед

Мо ҳатман ба Шумо занг мезанем!
  • Гурӯҳи маҳсулот
  • Зергурӯҳ
  • *Гузоштани файлҳои номбар шуда ҳатми аст!
https://www.traditionrolex.com/10