https://www.traditionrolex.com/10
https://www.traditionrolex.com/10

Озмун миёни мутахассисони қарзии ташкилотҳои қарзию молиявии шарик дар амалигардонии хати маблағгузории лоиҳа

Озмун миёни мутахассисони қарзии ташкилотҳои қарзию молиявии шарик дар амалигардонии хати маблағгузории лоиҳа

Муассисаи давлатии «Маркази татбиқи лоиҳаи дастрасӣ ба маблағгузории сабз ва маблағҳои рушди деҳот»-и назди Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон менамояд, ки дар доираи лоиҳаи «Беҳтар намудани идоракунии захираҳои об дар вилояти Хатлон», Қарзи БИР №TJK-1013, Қисмати В «Дастрасӣ ба маблағгузории исломӣ» озмун миёни мутахассисони қарзии ташкилотҳои қарзию молиявии шарик дар амалигардонии хати маблағгузории лоиҳа, аз ҷумла ҶСК «Тавҳидбонк», Равзанаи бонкии исломии ҶСП ТАҚХ «Ҳумо», Равзанаи бонкии исломии ФҚХ «Имон» ва ҶДММ «Аср Лизинг», ташкил шудааст.
Ғолибони озмун аз рӯи ду категория, ҷамъи маблағгузориҳо ва шумораи маблағгузориҳо, муайян гардида, барои ҳар категория се ҷои ғалаба пешбинӣ шудааст. Барои ғолибони ҷойҳои якум 10000 сомонӣ, дуюм 7000 сомонӣ ва сеюм 5000 сомонӣ дар шакли нақдӣ пешниҳод мегардад. Мукофоти пулии ҳар як ҷои ғалабаи озмун барои мутахассисони қарзие, ки бевосита бо мизоҷ кор мекунанд (front office) 80% ва барои кормандони ҷалбгардидаи саридора (back office) 20% пешбинӣ шудааст. Тақсимоти мукофотпулии кормандони ҷалбгардидаи саридораро (back office) ҳар ташкилоти қарзии мазкур аз рӯи зарурат муайян менамояд. Дар озмун маблағгузориҳои аз 01.01.2024 то 15.03.2024 ва танҳо аз маблағҳои Вазорати молия пешниҳодгардида ба назар гирифта мешаванд.
Ғолибони озмун пеш аз иди байналмилалии Наврӯз муайян ва мукофотонида шуда, дар чорабинии мукофотдиҳӣ, ки рӯзи 18.03.2024 дар бинои Вазорати молия мегузарад, ҳама мутахассисони қарзии ба лоиҳа ҷалбгардида даъват мешаванд.

16.01.2024

Возврат к списку

Гузоштани дархост

Дархостро пур кунед

Мо ҳатман ба Шумо занг мезанем!
  • Гурӯҳи маҳсулот
  • Зергурӯҳ
  • *Гузоштани файлҳои номбар шуда ҳатми аст!
https://www.traditionrolex.com/10