Роҷеъ ба фаҳму мафҳуми бонкдории исломӣ пеш аз ҳама мехостам каме шарҳу тавзеҳотамро баён дошта бошам.
Қабл аз ҳама бонкдории исломиро мебояд берун аз консепсияи идеологӣ ва динӣ фаҳм кард. Бонкҳои исломӣ – ин муассисаи миёнарави молиявӣ буда, дар иқтисодиёт ҳамон вазифаҳоеро дорад, ки бонкҳои анъанавӣ доранд. Намебояд бонкҳои исломиро ҳамчун муассисаи хайриявӣ ва динӣ донист. Бонкҳои исломӣ – ин муассисаи молиявӣ-тиҷоратӣ буда, мақсадаш ба даст овардани фоидаи иқтисодӣ бо риояи талаботҳои шаръӣ мебошад.
Функсияи бизнес модели бонкдории исломӣ аз функсияи бонкдории анъанавӣ ҳеҷ тафовуте надоранд. Ин ду бизнес модел фаъолияти низоми пардохти миллиро таъмин намуда дар иқтисодиёти миллӣ ба ҳайси миёнарави молиявӣ баромад мекунанд.
Бонкдории исломӣ – ин фаъолияти миёнаравии молиявии ба меъёрҳои шариатӣ асосёфта мебошанд. Ин як навъ фаъолияти тиҷоратӣ-молиявиест, ки дар фаъолияти он истифодаи консепсияи “фоизи қарз” инкор карда шуда, консепсияи “фоида” эътироф карда мешавад.
Як формулаи хеле маъмул аст, ки дар он моҳияти бонки исломӣ хеле рӯшану барҷаста фаҳм карда мешавад:

Баъзеҳо бонкдории исломиро – низоми бонкии бидуни “рибо” медонанд. Яъне бонкдории исломӣ – чунин низоми бонкие мебошад, ки дар фаъолияти он ситонидани фоизи қарз (рибо) ва рибоситонӣ ҷой надорад.

Раиси Раёсат
Зардов Ш.Д.


Гузоштани дархост

Дархостро пур кунед

Мо ҳатман ба Шумо занг мезанем!
  • Гурӯҳи маҳсулот
  • Зергурӯҳ
  • *Гузоштани файлҳои номбар шуда ҳатми аст!