ШИРИНЗОДА АБДУҶАББОР – Раиси Шӯрои нозирони ҶСК "Тавҳидбонк"

Раиси Шӯрои нозирон аз моҳи апрели соли 2016.
20 июни соли 1953 дар ноҳияи Данғара таваллуд шудааст.
Ду таҳсилоти олӣ дорад. Соли 1974 Донишгоҳи давлатии Тоҷикистонро бо ихтисоси «математикаи амалӣ» ва соли 1999 Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистонро бо ихтисоси «молия ва қарз» хатм намудааст. Забонҳои русӣ ва англисиро хуб медонад. Фаъолияти меҳнатиро соли 1974 ба сифати муҳандис барномасози лабораторияи ҳисоббарории Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон оғоз намуда, то моҳи октябри соли 1992 дар вазифаҳои гуногуни бахши барномасозии компютерӣ ва технологияҳои иттилоотмм донишгоҳи мазкур кор кардааст. Соли 1992 ба кори бонкӣ гузашта, то моҳи январи соли 2006 дар вазифаҳои сармуҳандиси Идораи ахбор ва коркарди автоматикунонидашуда, сармуҳандиси Мудирияти ҳисоббаробаркунӣ, роҳбари Мудирияти ҳисоббаробаркунии Бонки миллии Тоҷикистон, муовин, муовини аввали Раиси Раёсати бонки саҳҳомию тиҷоратии сармоягузории агросаноатии «Агроинвестбонк», муовин ва муовини аввали Раиси Бонки миллии Тоҷикистон фаъолият кардааст. Аз моҳи январи соли 2006 вазифаи Раиси Кумитаи давлатии назорати давлатии молиявӣ ва аз моҳи январи соли 2007 муовини аввали Раиси Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба ӯҳда дошт. Солҳои 2007-2012 ба сифати Сафири фавқуллода ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Иттиҳоди Муттаҳидаи Амрико фаъолият намудааст. Аз соли 2012 то соли 2015 дар вазифаи Раиси Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон кор кардааст. Дорандаи унвони фахрии «Корманди шоистаи Тоҷикистон», соҳиби рутбаҳои Мушовири давлатӣ ва Сафири фавқулодда ва Мухтор аст. Оиладор, соҳиби 5 фарзанд мебошад.



МУСОЕВА ЗУҲРА МАҲМАДЗИЁЕВНА - котиби Шӯрои нозирони ҶСК "Тавҳидбонк"

Котиби Шӯрои нозирон аз моҳи майи соли 2015.
29 ноябри соли 1962 дар шаҳри Панҷакент таваллуд шудааст.
Ду таҳсилоти олӣ дорад. Соли 1988 Донишгоҳи давлатии Тоҷикистонро бо ихтисоси иқтисодчӣ ва соли 2001 Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистонро бо ихтисоси ҳуқуқшинос хатм кардааст Забонҳои русӣ, ӯзбекӣ ва туркиро хуб медонад. Собиқаи зиёди кориро дар соҳаи бонкӣ дорад. Аз соли 1981 то соли 1993 дар вазифаҳои гуногун дар Тоҷикпромстройбонк кор кардааст. Баъдан дар давоми 15 сол вазифаҳои роҳбарикунандаро дар ҶСК «Ориёнбонк», аз ҷумла муовини аввали Раис, директори филиал дар шаҳри Хуҷанд, ба ӯҳда дошт. Инчунин собиқаи кориро дар дар сохторҳои давлатӣ дорад, солҳои 2004-2005 ба Назорати суғуртаи давлатии Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳбарӣ кард. Аз соли 2010 дар вазифаи сардори Раёсати инвеститсия ва қоғазҳои қиматноки ҶСК “НБО Роғун” кор мекунад. Оиладор, соҳиби як фарзанд мебошад.



МАХСУДОВ ИШОНҶОН МАҲМАДНУРОВИЧ - Аъзои Шӯрои нозирони ҶСК "Тавҳидбонк"

Аъзои Шӯрои нозирони ҶСК "Тавҳидбонк" Узви Шӯрои нозирон аз моҳи майи соли 2015.
27 марти соли 1959 дар шаҳри Бохтар (Қӯрғонтеппа) таваллуд шудааст. Таҳсилоти олӣ дорад. Соли 1989 Донишгоҳи давлатии Тоҷикистонро бо ихтисоси иқтисодчӣ хатм кардааст. Забонҳои русӣ ва ӯзбекиро хуб медонад. Зиёда аз 6 сол дар соҳаи бонкӣ, аз ҷумла дар вазифаи директори бахши ҶСК «Ориёнбонк» дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ, муовини раиси ҶСК «Ориёнбонк» кор кардааст. Собиқаи зиёди кориро дар соҳаи соҳибкорӣ дорад. Аз соли 2009 то соли 2017 вазифаи Намояндаи тиҷоратии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар Ҷумҳурии Қазоқистон ба ӯҳда дошт. Оиладор, соҳиби панҷ фарзанд мебошад.



АКБАРОВ ШУҲРАТ АКРАМОВИЧ - Аъзои Шӯрои нозирони ҶСК "Тавҳидбонк"

Аъзои Шӯрои нозирони ҶСК "Тавҳидбонк" Саҳмдори ҶСК «Соҳибкорбонк», узви Шӯрои нозирон аз соли 2011.
08 декабри соли 1974 дар шаҳри Душанбе таваллуд шудааст. Таҳсилоти олӣ дорад. Соли 1996 Донишгоҳи техникии Тоҷикистонро бо ихтисоси муҳандис-иқтисодчӣ хатм кардааст. Забонҳои русӣ, ӯзбекӣ ва туркиро хуб медонад. Фаъолияти меҳнатиро соли 1996 ҳамчун коромӯзи ТАК ПСБ «Ориёнбонк» оғоз намуда, то соли 1999 кор кардааст. Баъдан ба фаъолияти соҳибкорӣ машғул шуд. Солҳои 1999-2000 дар ҶДММ «Нафтрасон» ҳамчун мутахассиси дараҷаи 2 – хазиначии шӯъбаи баҳисобгирии муҳосибӣ кор кардааст. Аз соли 2003 ба сифати мутахассиси шӯъбаи таҳвили ҶСП «Ширкати холдингии И. Сомонӣ Асри 21», ки баъдан номаш дигар карда шуд - ҶСП «Ширкати холдингии Исмоили Сомонӣ», кор мекунад. Оиладор, соҳиби 3 фарзанд мебошад.



ИСМАТУЛОЕВ ҲУСАЙН АБДУҒАФОРОВИЧ - Аъзои Шӯрои нозирони ҶСК "Тавҳидбонк"

Аъзои Шӯрои нозирони ҶСК "Тавҳидбонк" Директори намояндагии Ширкати «ГМД Индастриз Лтд» – саҳмдори ҶСК «Соҳибкорбанк», узви Шӯрои нозирон аз моҳи майи соли 2015.
29 ноябри соли 1979дар шаҳри Кӯлоб таваллуд шудааст. Ду таҳсилоти олӣ дорад. Соли 2001 Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистонро бо дараҷаи бакалаври иқтисодиёт, соли 2003 Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистонро бо дараҷаи магистри иқтисодиёт, соли 2009 Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистонро бо ихтисоси ҳуқуқшинос хатм кардааст. Забони русиро хуб медонад. Зиёда аз 12 сол, аз ҷумла 6 сол дар вазифаи ҷонишини сардори идораи кортҳои бонкии ҶСК «Ориёнбонк» кор кардааст. Аз соли 2014 ба ҳайси директори Намояндагии Ширкати «ГМД Индастриз Лтд» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон кор мекунад. Оиладор, соҳиби як фарзанд мебошад.

Гузоштани дархост

Дархостро пур кунед

Мо ҳатман ба Шумо занг мезанем!
  • Гурӯҳи маҳсулот
  • Зергурӯҳ
  • *Гузоштани файлҳои номбар шуда ҳатми аст!